туризм
ЧИЛДУХТАРОН
Искандари Мақдунӣ бо лашкари бешумор ба сарзамини Хатлон ҳуҷум меорад. Аз рӯи афсонаи маъмули кӯҳи Чилдухтарон забткорон ба саргаҳи Муъминобод мерасанд. Баҳорон буд ва 40 духтари зебочеҳра дар дашту даман сайр дошт. Ғосибон онҳоро пайгирӣ карданд ва гулрухон бо ҳарос роҳи тарафи дарёчаи Сурхакро пеш гирифтанд. Дар рӯзи чилуми сарсониҳо духтаракон аз дарёча мегузаранду ба дашти фароху гул - гулшукуфоне мерасанд. Душман низ дар фосилаи кӯтоҳе қарор дошту ба онҳо хеле наздик шуда буд. Зебочеҳраҳои боиффат рӯ ба даргоҳи Кирдгор оварда, бо илтиҷо мадад ҷустанд то онҳоро санг гардонаду дар банди ишғолгарон гирифтор накунад. Пас аз лаҳзае дар ин дашти фарохи Паҳндара кӯҳи бузурге сар ба фалак кашид. Духтарони бонангу ор дар теғаҳову қуллаи кӯҳ ба ҳайкалҳои сангин табдил ёфтанд ва кӯҳ ба шарофати ҳамин отифаҳои камназир исми Чилдухтаронро гирифт. Дар атрофи Чилдухтарон деҳаҳои Дашти Ар - ар, Дучандон, Баландҳоит, Дарусара, Ғалакдара, Турёб, Сиёҳмӯза, Паҳндара доман густурдаанд.
Алҳол ин ҷо парваришгоҳи давлатии «Чилдухтарон» фаъол аст. Он беш аз 14 ҳазор гектарро фаро гирифта, зиёда аз 40 ҳазор бех арча, 40 ҳазор дарахтони бодому себу олуча, олу, зелол, 40 номгӯй гиёҳҳои шифобахш, кабк, уқоб, шоҳин, оҳу дорад. Асали Чилдухтарони Муъминобод шифоист.
Афсонаи нави Чилдухтаронро шахсияти ҳотамсиришту кушодадил Ҳоҷӣ Амонулло соли 2016 оғоз бахшид. Аз деҳаи Ғеш то наздикии кӯҳи бонувони ватанпараст, ки 25 ҳазор метр бештар меояд, роҳи нави мошингард кушод. Роҳи нав бо пули 130 - метраи болои дарёи Сурхак ба ноҳия пайваст мегардад. Аз ин роҳ бошандагони деҳаҳои мавзеи Дуоби Боло равуо доранд. Ҷолиб аст, ки аз ин роҳ сайёҳон низ ба саёҳати Чилдухтарон меоянд. Фақат дар зарфи 2 соли охир беш аз 10 ҳазор нафар мардуми водии Вахш, шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ҳисор ва аз хориҷи кишвар ба Муъминобод омада, мафтуни манзараҳои кӯҳи афсонавӣ гардиданду дар ин ҷо қуввату дармони тоза ёфта, бо таассуроти зиёд ба манзилҳои худ баргаштанд.
Аллакай беш аз 20 меҳмонхонаи шахсӣ ба қабули яквақтаи 150 нафар сайёҳ омодааст. Як чизи ҷолиб он аст, ки дар ин диёр филмҳои машҳури бадеии «Рустам ва Суҳроб», «Айёми туманҳои зимистон» ба навор гирифта шудаанд. Ҷое, ки падар писари худро ба қатл мерасонад, бо номи «Қабри Суҳроб» ёд мешавад. Он ба зиёратгоҳи сайёҳон табдил ёфтааст. Аз камару домани кӯҳ чашмаҳои софу беғубор, сарду ширин ҷорианд. Аз онҳо омадагон бо як ҳаловату кайфият нӯши ҷон мекунанд, аз таъму лаззати онҳо дар ҳайрату аҷобат мемонанд.
Ҳар дараи Чилдухтарон, ҳайкали бонувони он розгӯи қиссаҳои зиёданд. Барои шунидани розу ниёзҳо, дидани ин сарзамини афсонавӣ шавқмандон бешуморанд. Худи дирӯз 10 нафар сокини Самарқанд ба сайри табиати афсункори ин гӯшаи зебо, нотакрор, фирдавси сонӣ омаданд ва онҳо хеле ҳайратзада ҳам шуданд аз тамошои кӯҳистон. «Аҷдодони мо ин гуна ҷойҳои тамошобоб, нотакрор доранду ба мо боре намегӯянд», - гуфтанд шӯхиомез онҳо. Махсусан, шаршараи 20 - метраи мусаффои Чилдухтарон ба онҳо писанд омад. Охир чӣ сон маъқул нашавад, ки он гӯё аз қади сарвосои он нозанинони баиффат таровида - таровида бӯйи мушки Хутанро ба машоми интизорон мерасонад, ташнагонро сероб, даштҳоро сарсабз месозад. Сарсабзӣ бошад, ҳаёт ҳаст.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2018 №: 134 Мутолиа карданд: 1190