номаҳо
ТАЪЛИМИ МАЪЮБОН. ЧАНД ПЕШНИҲОДИ МУҲИМ
Яке аз масъалаҳои муҳиму мураккабу мубраме, ки дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳалли дурусти худро аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ пайдо кард, ин таъсиси гурӯҳи махсус ва тайёр кардани мутахассисони оянда дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба хотири таълиму тарбияи кӯдакони маъюб аст. Пештар ин гуна мутахассисон дар хориҷи кишвар, он ҳам бо шумораи бисёр кам омода карда мешуд.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 нафар дар шуъбаҳои рӯзона ва ғоибона донишҷӯён қабул мегарданд. Ду-се сол барои мутахассиси хуб шуданашон саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳам. Аз ҷумла, забони ишораро ба онҳо меомӯзонам. Ба ин муваффақ ҳам мегардам. Аммо пас аз он ба дигар шуъбаҳои факултаҳо интиқол дода мешаванд. Албатта, мувофиқи қонуну низомномаҳои мавҷуда донишҷӯён ҳуқуқи гузаришро доранд. Ба ин сабаб, шумораи зарурии мутахассисонро омодаву пешниҳод карда наметавонем. Ин ҳолат дар навбати худ мушкили зиёдро эҷод мекунад. Ҳол он ки мактаб – интернатҳо ва муассисаҳои махсусгардондашуда ба чунин мутахассисон бисёр ниёзманданд.
Умуман, сари масъалаи мазкур бояд ҷиддӣ андешид ва зарур аст, ки пеши роҳи он гирифта шавад. Чӣ гуна? Ба андешаи инҷониб идрорпулии донишҷӯёнеро, ки дар гурӯҳҳои махсусгардондашуда таҳсил мекунанд, бояд афзуд. Нахуст, ин амал як навъи ҳавасмандӣ ва ҷалби мутахассисони ояндаи соҳа мебошад. Баъдан, таҳсил дар гурӯҳҳои мазкур нисбат ба дигар гурӯҳҳо осон нест. Ин таҷрибаест озмудашуда дар мамолики пешрафтаи дунё ва он самари хуб ҳам ба бор овардааст.
Дар оянда агар аз шумори маъюбон ва волидайни онҳо мутахассисонро омода созем, ба нафъи кор аст. Дар ин маврид аз ҷониби Маркази миллии тестӣ бояд имтиёзҳо барои қабул шуданашон муқаррар гардад. Инчунин, бо ин гурӯҳ шартномаи махсус баста шавад, ки тибқи он ба дигар гурӯҳҳову шуъбаҳо нагузаранд.
Ба ҷуз ин ҳама, соҳаи мазкур таваҷҷуҳи махсусро хостгор аст ва ниёз ба дастгирӣ ва ташвиқу тарғиби бештару беҳтарро дорад.
Саттор ҚУВВАТОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.07.2018 №: 134 Мутолиа карданд: 3466