барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ИМПЕРАТОРИ ЯПОНИЯ
10 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Императори Япония Акихито барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:
«Аълоҳазрат!
Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар натиҷаи боришот дар минтақаҳои марказӣ ва ҷанубу ғарбии Япония, ки боиси ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи моро қабул фармуда, ба наздикони қурбоншудагон тасаллияти самимии моро бирасонед.
Ба осебдидагон шифои комил орзумандем».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 11.07.2018 №: 136 Мутолиа карданд: 7296