ҳуқуқ
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ. НАТИҶАГИРӢ АЗ МАШҒУЛИЯТҲОИ МЕТОДӢ – ТАЪЛИМӢ
Аз 8 то 11 июли соли равон бо ҷалби ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад ё худ машғулиятҳои методӣ - таълимӣ баргузор гардиданд.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати мудофиа ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, машғулиятҳои методӣ - таълимӣ давоми 4 рӯз дар гарнизонҳои Душанбеву Хатлон ва пойгоҳи қисмҳои низомии тобеи Вазорати мудофиа ба таври назариявию амалӣ ҷараён гирифтанд. Ба машғулиятҳо муовинони вазири мудофиа, фармондеҳони ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, командирони қисмҳои низомӣ ва муовинони онҳо ҷалб карда шуданд.
Рафти ҷамъомади мазкур таҳти назорати қатъии роҳбарияти Вазорати мудофиа ҷараён гирифта, аз иштирокчиён масъулияти баланд дар омӯзиши фанҳои дақиқи низомӣ ва пурра аз бар намудани мавзӯъҳои пешбинишуда талаб карда шуд.
Иштирокчиёни ҷамъомад вобаста ба мақому сатҳи вазифавӣ дар Артиши миллӣ ба гурӯҳҳо тақсим шуда, ба омӯзиши машғулиятҳои гуногуни ҳарбӣ, рондану тирпарронӣ аз тӯп ва техникаҳои мухталифи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, силоҳу муҳимоти оташфишонии сабуки ҳарбӣ ва ба санҷиши омодагии ҷисмонӣ ҷалб шуданд.
Ҳадаф аз баргузории ҷамъомади методӣ - таълимӣ ин дар амал нишон додани роҳу усулҳои нави омӯзишӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад, яъне ташаккул додани назару муносибати ягона ба масоили омодагии ҷангӣ, ташкили хидмати дохилии қӯшунҳо мувофиқ намудани ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ, майдончаҳои варзишӣ ва дигар мавзеъҳои таълимии афсарону сарбозон ба талаботи ойиномаҳои ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ.
Дар қисмҳои низомие, ки машғулиятҳои намунавии методӣ - таълимӣ ҷараён гирифтанд, 15 бинову иншооти муҷаҳҳаз, аз қабили ҳаммоми сарбозӣ, нуқтаҳои таълимӣ, мавзеъҳои ёрирасони коммуналӣ ва амсоли ин мавриди истифода қарор гирифтанд. Ба ҳамин тартиб, дар давоми чанд соли охир ҳатто дар қисмҳои низомии навтаъсиси Вазорати мудофиа заминаҳои намунавии моддиву таълимӣ, хидматӣ ва шароитҳои маишиву фароғатии афсарону сарбозон дар сатҳи баланд муҳайё карда шудаанд.
Натиҷаи ҷамъомади методӣ - таълимӣ ва фаъолияти 6 - моҳаи ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, бо иштироки котиби Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, роҳбарияти Вазорати мудофиа, масъулони КДАМ, Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар шахсони дахлдор мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари баррасии масъалаҳои гуногун ва вобаста ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки бо назардошти пешравиҳои ҷомеаи муосир, вазъи зудтағйирёбандаи минтақа ва ҷаҳон, вобаста ба таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ мо бояд доимо дар ҳолати омодабош қарор дошта бошем ва бо масъулияти баланди ватандӯстӣ вазифаи муқаддаси хешро сарбаландона адо намоем.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 16.07.2018 №: 139 Мутолиа карданд: 1078