logo

туризм

БО ҲИССИ ПУР АЗ МУҲАББАТ

Ҷаҳонгардӣ ё саёҳат, аз он замон ки инсон таваҷҷуҳ ба олами атрофи худ кард, вуҷуд дорад, яъне собиқаи саёҳат реша бар умқи таърих мезанад. Мо осори зиёди сайёҳонеро, ки дар дарозои таърих аз Варорӯду Хуросон – хостгоҳи аҷдоди тоҷикон дидан намудаанд, медонем. Бахусус, дар аҳди Сомониён дар Варорӯду Хуросон теъдоди зиёде аз сайёҳон-ҷуғрофидонони худиву бегона ба ин кишвар сарозер шуданд, то он чи дар бораи ин давлат ва мардумонаш шунида буданд, ба чашми сар бубинанд.
Яке аз онҳо, донишманди маъруф Абӯисҳоқ Иброҳими Истахрӣ (850 - 957) муаллифи рисолаи ҷуғрофӣ ба забони арабӣ «Масолик ва мамолик» мебошад, ки ба кишварҳои зиёде аз Варорӯду Хуросон то Ҳинду Мағриб сафар кард ва дидаю шунидаҳояшро навишт. Аз ҷумла, пиромуни Варорӯд (Мовароуннаҳр) ва сокинонаш - тоҷикон, менависад: «Мовароуннаҳр аз ҳама иқлимҳо пурнеъматтар аст... Ва мардуми Мовароуннаҳр дар хайр роғиб бошанд ва мардумоне бебаду босаломат ва беғоила (бе шӯру фасод) ва дастгушода бошанд ва бештар родтабъ ва шермард ва силоҳдӯст буванд. Ва фарохии он ҷо чунон бувад, ки дар ҳама иқлимҳо қаҳт афтад ва он ҷо камтар бувад. Ва агар як сол офате афтад захираи соли гузашта чандон бувад, ки  эшонро як солу бештар бардорад. Ғалла ва таому мева бар ин ҷумла бувад».
Муаллиф роҷеъ ба саховат, меҳмоннавозӣ ва муруввати тоҷикон бо эҳсоси пур аз муҳаббат мегӯяд: «Ва аммо фарохдастӣ ва нонпораии эшон чунон бошад, ки ҳеҷ касро аз меҳмон кароҳият н - ояд. Ва агар касе тааммул кунад пиндорад, ки ҳама Мовароуннаҳр ба ин маънӣ як хона аст. Ва чун ғарибе он ҷо расад, ҳама кас ҷаҳди хеш дар хидмати ӯ ба ҷой орад ва чашми мукофот надорад. Ва далел бар муруввати эшон он бас, ки ҳар деҳқоне, ки ӯро каффофе (он миқдор рӯзӣ ва хӯрок, ки инсонро бас бошад) бувад, лобуд кӯшке ва меҳмонхона дорад. Ва ҳамасола кори ӯ он бувад, ки барг (хӯрок)-и меҳмонхона созад. Ва чун ғарибе он ҷо расад, бо якдигар муноқиша кунанд, то ӯро ба хона баранд ва пешдастӣ намоянд. Ва ҳамаи неъматҳои эшон бар меҳмондорӣ ҳазина (сарф) шавад».
Истахриро, ки ин ҳама хисоли неки тоҷикон мафтун карда буд, дар идомаи бардоштҳояш аз Варорӯд мегӯяд: «Ман дар Суғд саройе дидам ва дари он сарой ба девор боздӯхта буданд ба мех. Пурсидам, ки ин чӣ маънӣ дорад? Гуфтанд сад сол зиёд аст, ки ин дар боз аст, ки шабу рӯз набастаанд. Ва бувад, ки сад савор ва бештар ногаҳ беҳангом бирасанд ва худованди саройро ҳоҷат набуд, ки аз ҷойи худ биҷунбад. Барг (хӯрок)-и мардум ва сутур ҳама муҳайё бошад. Ва чун меҳмон фаро расад худованди хона шодӣ намояд ва тозарӯйӣ кунад. Ва ин маънӣ дар ҳеҷ иқлим нашнавидаам магар дар ин диёр».
Ҷаҳонгард ва ҷуғрофидони араб Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Аҳмади Муқаддасӣ (945 - 1000) муаллифи «Аҳсану - т - тақосим фи маърифати - л - ақолим» аз саросари қаламрави Сомониён дидан карда, аз бисёрии уламо, равнақи мактабу мадраса ва дигар ниҳодҳои омӯзишу парвариши фикрӣ ва муҳимтар аз ҳама,  иззату икроми аҳли илм дар ҷавори амирони Сомонӣ хабар медиҳад.
Ӯ менависад: «Сомониён маноқиби бисёр доранд, дар фарҳанги ин хонадон чунон аст, ки донишмандонро дар баробари шоҳ водор ба заминбӯсӣ накунанд. Амирони ин хонадон дар шабҳои одинаи моҳи рамазон нишастҳои гуфтушунид барпо доранд. Шоҳ ин маҷолисро бо пурсиш мекушояд. Сипас, дигарон сухан оғоз кунанд, ҳар гоҳ бихоҳанд касе ё садре аз судурро сарфароз доранд, ӯро бо худ бар хон баранд. Ҳамвора, яке аз бузургтарин ва фарзонатарин фақеҳонро ба боло бар кашанд ва ниёзҳояшро бароваранд ва фатвоҳоро аз раъ-йи ӯ содир кунанд ва корҳоро бо салоҳдиди ӯ анҷом диҳанд».
Ин суханҳои бисёр арзишманд, ки мухтасар аз ин ду ҷаҳонгард дар баёни меҳмоннавозӣ, дастфарохӣ, ободкорӣ, икрому иззати донишмандон дар кишвари тоҷикон овардем, дар дарозои беш аз 1000 сол муаррификунандаи миллат ва кишвари таърихии мост. Сарвари давлат бо назардошти ин арзиш ва муҳим будани рисолати ҷаҳонгардон дар шиносоии ҳар чи бештари кишвар, таъриху фарҳанги миллатамон ба ҷаҳониён соли равонро Соли рушди сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд.
Ҳамза КАМОЛ,
Профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.07.2018    №: 140    Мутолиа карданд: 1108
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед