номаҳо
ПАРЧАМИ МИЛЛАТРО БЕШТАР ДӮСТ БИДОРЕМ
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар Русия водорам сохт, ки бори дигар хотираҳоро пеши рӯ биёрам ва ин сатрҳоро бинависам. Муҳаббати мухлисони кишварҳои гуногуни дунёро ба парчами давлатиашон бештар аз он дарёфтам, ки тасаввур мекардам.
Парчам, воқеан, нишонаи ҳастии миллат ва давлат мебошад. Ҳар саҳар чун аз хоб бармехезам, ба сӯи Парчами барафроштаи кишвари азизам менигарам. Менигараму эътиқоду эътимодам қавӣ мегардад, ки сулҳу амният барқарор аст. Ва ҳам ифтихор менамоям, ки соҳиби давлату миллату парчам ҳастем.
Курде дар назди Хонаи Худо, яъне дар Маккаи мукаррама, вақте таваҷҷуҳ ба парчамамон кард, аз ман пурсид: «Ин парчами кадом давлат аст ва чӣ қадар аҳолӣ доред?». Чун зимни посух номи Тоҷикистонро шуниду дарёфт, ки аҳолии мо 8 миллионро ташкил медиҳад, чашмонаш пуроб шуданд. Баъд гуфт: «Шумо миллати хушбахтед, ки давлат дореду парчам ва муттаҳиду сарҷамъ мебошед. Мо чил миллионем, аммо парокандаем, на давлат дорему на парчам. Солҳои сол ин орзуро дорем, балки талош менамоем, ки соҳиби давлату парчам бошем, аммо муваффақ намегардем».
Фикр мекунам, ки парчамамонро бояд бештар дӯст бидорем ва тухми ин муҳаббатро аз хурдсолӣ дар дилҳо бояд кишт. Тарғибу ташвиқи ин муҳаббату дӯстдорӣ ба як рӯзи муқарраршуда маҳдуд нагардад.
Дар хусуси муҳаббату эҳтироми парчам матолиби зиёде дар китобҳо ва матбуоти даврии ҷаҳон ба табъ расидаанд. Зарур аст, ки беҳтарин ва муҳимтарини онҳоро тарҷумаву таҳия карда, дастраси шаҳрвандон бигардонем. Омӯзгорон ба шогирдон аз хусуси Парчами давлатӣ, таърихи он маълумот бидиҳанд.
Дӯстдории парчам ба дӯстдории Ватан, миллат, иртибот мегирад ва ин яке бе он буда наметавонад.
Р. АБДУЛЛОЗОДА, шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.07.2018 №: 140 Мутолиа карданд: 3830