номаҳо
ТАЪЛИМИ БОСИФАТ КАФОЛАТИ ПЕШГИРӢ АЗ ҶАҲОЛАТ ВА ИФРОТГАРОИСТ
Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз хатарҳои ҷиддитарин дар замони имрӯз зуҳури гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ буда, то кунун ба сари мардумони кишварҳои гуногуни олам фоҷиаҳои сангине ба бор овардааст.
Ифротгароии имрӯза аксаран зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ сурат гирифта истодааст. Одамон ба ин гурӯҳҳо бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди худ, зери ниқоби афзалиятҳои динӣ шомил мегарданд, ки мисоли инро мо дар амалҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» баръало мушоҳида намудем. Намояндагони ин гурӯҳ дар навбати аввал ба ҷавононе кор мегиранд, ки аз донишҳои дунявию динӣ бархӯрдор нестанд.
Маҷмӯи амалҳои даҳшатнок, ғайриинсонӣ ва ғайриисломии гурӯҳи «Давлати исломӣ» - ро ба назар гирифта, уламои муътабари ислом онро як гурӯҳи ғайриисломӣ эълон намудаанд. Аз ҷумла, соли 2014 намояндагони уламои бузурги исломӣ аз 126 кишвари ҷаҳон бо фиристодани мактуби муштарак ба роҳбарони гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» эълон намуданд, ки амалашон пурра зидди таълимоти исломӣ буда, ҳаргиз ҳақ надоранд, ки худро гурӯҳи исломӣ номанд. Ҳамчунин, дар ҷамъбасти Конфронси байналмилалии «Ислом зидди ифротгароии динӣ ва терроризм», ки моҳи июли соли 2015 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, уламо ва муфтиёни шинохтаи ҷаҳонӣ бо содир намудани фатвои ягона гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва террористиро ғайриисломӣ, бадномкунандагон ва мухолифони дини ислом эълон карданд, ки як навъ мубориза алайҳи онҳо маҳсуб меёбад.
Яке аз воситаҳои дигари муқовимат бар зидди ҳаракатҳои террорис-тию экстремистӣ маърифатнокӣ ва таълими диниву дунявии ҷавонон вобаста ба ниёзи давру замон аст. Бе ин ду асос ва амалӣ намудани он ҳеҷ гуна амалиёти зиддитеррористӣ наметавонад мушкилоти тундрав шудани ҷомеаро дар замони ҷаҳонишавӣ ҳаллу фасл намояд.
Таҷриба собит месозад, ки дар пешгирии шомилшавии ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои тундгаро таълиму тарбияи сифатнок нақши асосиро мебозад. Мафҳуми тарбия бояд фарогирандаи тамоми паҳлуҳои он, аз қабили тарбияи сиёсӣ, ватанпарастӣ, маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон бошад. Барои он ки аз ниҳоди насли ҷавон мафкураи гаравиш ба зуҳуроти номатлуби замон дур карда шавад, пеш аз ҳама бояд, моҳияти масъалаҳои худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихор аз давлатдории миллиро дар онҳо тақвият бахшем. Ба ин манзур ташкили шумораи бештари муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, чи барои наврасону ҷавонон ва чи барои калонсолон дар назди шуъбаҳои маориф ва агентии шуғли аҳолии шаҳру ноҳияҳо аз аҳамият холӣ нест. Маҳз бо ҳамин васила метавонем дар зеҳну шуури афроди ҷомеа масъулияти баланди иҷтимоиро афзун намоем, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он, худро масъул донад ва баҳри ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ ҳамеша омода бошад.
Маҳмадризо ШАРИФОВ,
мутахассиси хадамоти давлатии
назорат дар соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.07.2018 №: 142 Мутолиа карданд: 3938