logo

номаҳо

МИЛЛАТРО ДУРУСТ МУАРРИФӢ БИКУНЕМ

Дар лутфу хушгӯиҳои миллатҳои гуногуни ҷаҳон, хоса шахсиятҳои барҷаставу шинохтаашон, як ҷаҳон ҳикмату зарофатро пайдо кардан мумкин аст. Дар баробари он ки ҳама маълумоту дониш медиҳанду ибратомӯзанд, баёнгари сифатҳои неки миллаташон маҳсуб мешаванд.
Лутфу хушгӯиҳои пешиниён, ниёгони шарафманди мо низ саршори панду ҳикмат ва зарофати бемисланд. Аз он ҳама ба дониши мукаммалу фаросати баландашон метавон пай  бурд. Яъне, мо бо онҳо дар ҳар давру замон имкон пайдо мекунем, ки бо сарбаландӣ ифтихор дошта бошем.
Мутаассифона, ин сифатҳои нек дар лутфу хушгӯиҳои чанд соли охири мо ниҳоят кам дида мешавад. Ба ростӣ, барои ман ҳатто бо ногуворияшон дардафзо ҳам ҳастанд. Имрӯз бархе аз адибони шинохтаи мо ба тамаъҷӯиву мумсикӣ ва дигар сифатҳои бад «шуҳрат» ёфтаанд. Аҷабтар ин аст, ки бархе бо ифтихору хушҳолӣ ва қаноатмандӣ дар чорабиниҳои бузург, матбуоти даврӣ, китобҳо дар ин бора мегӯянду латифагунаҳое ҳам ба нашр мерасонанд. Шунавандагону хонандагон бошанд, онҳоро хуш истиқбол мегиранд. Оре, дар сурате, ки бояд акси он бошад. Охир, мо бояд пайрави ниёгони бузургу саодатмандамон бошем. Лутфу хушгӯиву ҳазлашон миллатамонро бояд нек муаррифӣ бикунанд.
Метавонам, барои намуна чанде аз онҳоро ёдовар бишавам, аммо фикр мекунам, ки ҳатто зикрашон ҳам хушоянд намебошад ва низ чизе, ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест.
Ба яқин, ин масъала ҳаргиз як масъалаи хурду назарногир набояд бошад. Сари он ва ҳалли дурусташ ҳарчи зудтар бояд тадбирандешӣ бикунем. Агар не, оқибаташ хуб буда наметавонад ва миллату шахсиятҳои маҳбубу маъруфи моро, он тавр ки бояд, намешиносанд.
С. ИКРОМОВ, шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.07.2018    №: 142    Мутолиа карданд: 4300
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед