туризм
«ХОҶАОБИГАРМ». ОБИ ШИФОБАХШЕ, КИ ДАР ҶАҲОН НАЗИР НАДОРАД
Буғи тафсону оби гарми шифобахши «Хоҷаобигарм» хеле барвақт ба мардуми Осиёи Марказӣ маълум буд, аммо дар Аврупою Амрико танҳо дар охири асри ХIХ ба шарофати олими рус В. К. Липитский бо он ошноӣ пайдо намуданд. Соли 1889 В. Липитский ба Бухорои Шарқӣ сафар карда, ин ганҷи бебаҳоро бо чашмони худ дид ва овозаи онро то Аврупо расонд.
Олимон баъди тадқиқу омӯзиши таркиби об ба хулосае омаданд, ки ин оби дармонбахши Тоҷикистон дар тамоми ҷаҳон назир надорад. Айнан бо ҳамин таркиб оби шифобахш танҳо дар Фаронса мавҷуд буд, аммо солҳои 20 - уми асри гузашта он ҳам хушкид.
«Хоҷаобигарм» беш аз 80 сол боз барои муаррифии табиати биҳиштосои кишвар ба хориҷиён низ хизмати шоиста дорад. Ва осоишгоҳи «Хоҷаобигарм» дар радифи «Баҳористон» дар рушди сайёҳии муолиҷавӣ нақши бузург дошта метавонад. Оби чашмаи «Хоҷаобигарм» бо гармии 97 - 98 С° аз қаъри замин ҷӯш зада мебарояд ва буғи табии радонӣ бе иловаҳои сунъӣ барои табобат истифода мешавад. Ин бартарият номи ҳам чашма ва ҳам осоишгоҳро дар олам маълуму машҳур гардондааст.
Дар осоишгоҳ тариқи оби гарм ва буғи табиӣ бист намуди беморӣ, аз ҷумла бемориҳои узву рагҳои хунгузар, пӯст, устухону мушакҳо, торҳои асаби марказӣ, бинӣ, гӯш, даҳон, дандон, гулу, сутунмуҳра, дастгоҳи такя ва ҳаракат, узвҳои таносули занона ва мардона табобат мешаванд. Соли 2017 осоишгоҳ зиёда аз 15 ҳазор меҳмону сокини мамлакат-ро ба истироҳату табобат фаро гирифт.
Бинои «Хоҷаобигарм» бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ соли 2011 таъмиру азнавсозӣ гардид. Имрӯз симои осоишгоҳ тамоман дигаргун гашта, сатҳу сифати хизматрасонӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар атрофи осоишгоҳ, ки дар баландии ду ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, беш аз дусад намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Тибқи иттилои роҳбарияти «Хоҷаобигарм», осоишгоҳ имкон дорад, ки дар як вақт ба 600 мизоҷ хизмат расонад. Муассиса бо таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз буда, айни ҳол дар он 145 мутахассис кор мекунад. Сайёҳон ба «Хоҷаобигарм» бештар аз Русия, ИМА, Аврупо, Арабистон, Ӯзбекистон, Малайзия, Қазоқистон, Қирғизистон, Эрон, Чин, Покистон ва Афғонистон ташриф меоранд.
Таъсири буғи табиӣ ва оби шифобахши он аз замони кашф шуданаш то имрӯз диққати олимони тиб, муаррихон ва сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст. Шояд нотакрорӣ ва таъсири обҳои дармонбахши табиист, ки олимон оби Хоҷаобигармро муъҷизаи 8 - уми олам унвон кардаанд.
Боду ҳавои мусоиди мавзеъ ба мизоҷон имкон медиҳад, ки тамоми фаслҳои сол аз шароити табобатию истироҳатии осоишгоҳ истифода намоянд. Дар бораи пайдоиш ва таъсири табобатии буғ ва оби шифобахши «Хоҷаобигарм» олимон дар рисолаҳои илмии худ маълумоти фаровон додаанд, аз ҷумла Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино дар китоби «Қонуни тиб», олими форсизабони асри ХV Баҳва ибни Ҳаваси Ҳиндустонӣ дар китоби «Воситаҳои табобатию минералӣ», ҷуғрофшиноси асри ХIХ Покатилло дар навиштаҳои хеш.
Биноҳои боҳашамати баландошёна, ки бо қуллаҳои сарсафеди ин мавзеъ ҳамсонанд, дар баробари табиати биҳиштосо диққати ҳар сайёҳро ба худ ҷалб мекунанд.
Осоишгоҳ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ҷалби сайёҳон шартномаҳои ҳамкорӣ дорад. Аз ду тарафи осоишгоҳ дарёчаҳои шӯхи кӯҳӣ, ки онҳоро сокинони таҳҷоӣ Оби Мазор ва Оби Каландӣ меноманд, ҷорӣ шуда, дар поёнтар ба ҳам мепайванданд ва ба ҳусну таровати осоишгоҳ ҳусни дигар зам менамоянд.
Раҳматулло КАРИМОВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2018 №: 143 Мутолиа карданд: 1431