ҳуқуқ
ВИДЕОКОНФЕРЕНСИЯ. РОБИТАИ МИЛИТСИЯ БО ҶОМЕА ТАҚВИЯТ МЕЁБАД
Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам робитаи зич барқарор кардан бо ҷомеа ва милитсия, 17 июли соли ҷорӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ, дар доираи ислоҳоти милитсия маросими ифтитоҳи пайваст гардидани низоми алоқаи видеоконференсия бо раёсатҳои ВКД дар шаҳру вилоятҳо баргузор гардид.
Дар ҷараёни чорабинӣ Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазир, Кевин Коверт, кордори муваққатии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Никола Фердинанд, роҳбари ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” (Saferworld), Хирад Каргасов ва Зоҳир Асаншоев, намояндагони ташкилоти мазкур, Ҷаҳонгир Анваров, роҳбари ширкати “Сарфароз”, аъзои шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии назди мақомоти милитсия дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аъзои фаъоли гурӯҳи ҷавонони “Авангард”, дружиначиёни ихтиёрӣ ва кормандони ҷамъиятии милитсия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Видеоконференсия тариқи реҷаи мустақим (онлайн) барпо гардид, ки ҳайати шахсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар толори раёсатҳои ВКД дар вилоятҳои Суғду Хатлон, қисми минтақавӣ оид ба гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб, минтақа ва ноҳияи Рашт, РВКД дар шаҳри Душанбе ва дигар раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД бевосита рафти чорабиниро тамошо карданд.
Вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ иброз дошт, ки низоми алоқаи видеоконференсия бо дастгирии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ташкилоти байналмилалии “Дунёи бехатар” ва ширкати “Сарфароз” дар доираи ислоҳоти милитсия таъсис ёфта, робитаи милитсияро бо аҳли ҷомеа боз ҳам қавитар мегардонад.
Ҷаҳонгир МАҲКАМОВ,
Диловар РАУФОВ,
аъзои гурӯҳи ҷавонони «Авангард»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.07.2018 №: 143 Мутолиа карданд: 1370