ҳуқуқ
САРҲАДИ ДАВЛАТӢ. НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ШАШМОҲА
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз тарафи хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар ва пешгирии убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз тарафи ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ якҷо бо мақомоти қудратӣ 39 амалиёти махсус гузаронда шудааст.
Дар ин муддат бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 17 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба амал омада, дар натиҷа 7 нафар қочоқчӣ нобуд ва 21 нафари дигар дастгир гардиданд. Инчунин, 19 маротиба кӯшиши убури ғайриқонунии хати сарҳад пешгирӣ шудааст.
Ҳамзамон, 66 далели вайронкунии сарҳади давлатӣ ва 42 далели вайронкунии низоми сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта шуда, 92 нафар вайронкунандаи сарҳади давлатӣ ва 87 нафар вайронкунандаи низоми сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд.
Дар ин шашмоҳа аз ҷониби ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти қудратии ҷумҳурӣ аз қочоқчиён ба миқдори 1129 кг 331 гр маводи нашаъдор, аз ҷумла ҳероин, афюн, ҳашиш, бангдона (канабис) ва маводҳои мадҳушкунанда мусодира гардида, 208 228 бех ниҳоли банги ҳиндӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо роҳи сӯзондан нобуд карда шуд. Дар натиҷаи ин амалиётҳо 14 адад яроқи оташфишон, 443 дона тири қутраш гуногун, 3 адад маводи тарканда ва 25 лавозимоти ҷангӣ ёфт ва мусодира шуд.
Баҳри ҳаллу фасли масъалаҳои наздисарҳадӣ, риояи низоми сарҳадӣ ва тасдиқ намудани нақшаҳои дуҷониба ҷиҳати ҳодисаҳои дар хати сарҳад ба вуқӯъ пайваста, 95 вохӯрӣ бо намояндагони сарҳадии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин гузаронда шуданд.
Тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 2 342 404 нафар шаҳрванд, 117 261 адад воситаҳои нақлиёт, тайёраҳо ва қатораҳо гузаронда шуд. Ҳамчунин, дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ 358 нафар барои убури ғайриқонунии сарҳад боздошт шуд.
Аз қочоқчиён молҳои ниёзи мардум, ки маводи хӯрокворӣ, ашё ва масолеҳи сохтмонии пастсифатро ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мекарданд, 7500 литр сӯзишвории дизелӣ, 2300 литр бензин, 68300 тонна ангиштсанг, 71850 тонна семент, пиёз, меваи хушк, картошка, ҳасибҳои гуногун, маҳсулоти ширӣ, масолеҳи сохтмонӣ, маҳсулоти қаннодӣ, орд ва ғайра дарёфт ва мусодира гардид. Аз рӯи ҳамаи ҳолатҳои қонунвайронкунӣ 63 760 сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 25.07.2018 №: 146 Мутолиа карданд: 927