номаҳо
АШЪОРИ САЙИДО НИЁЗ БА ТАҲҚИҚИ БЕШТАР ДОРАД
Миробид Сайидои Насафӣ, ки бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ 400 - солагияш таҷлил мегардад, бо эҷоди пурарзиши худ дар адабиёт аз мақоми хосса бархӯрдор мебошад. Бо гузашти чандин садсола ин шоири маъруф маҳбубияти худро ҳеҷ гоҳ аз даст надодааст. Аксар тазкиранависон ва адибон ӯро аз дурахшонтарин ситораҳои осмони шеър дар асри XVII донистаанд.
Устод Садриддин Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» се мухаммас ва се ғазали ӯро оварда, дар хусуси эҷоди ин адиби забардаст маълумоти кӯтоҳ додааст.
Соли 1940 Х. Мирзозода ва Г. Птитсин дар бораи ҳаёт ва фаъолияти ӯ бо нашри мақолае ба хонандагон маълумот додаанд.
Соли 1944 академик Абдулғанӣ Мирзоев «Девони мунтахаб» - и шоирро омодаи чоп ва нашр намуд. Пас аз се соли он таҳқиқоти пурарзиши худро бо номи «Сайидо ва мақоми ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик» - ро дастраси хонандагон гардонид. Бояд зикр кард, ки дар пояи ин асари пурарзиш то ба имрӯз дигар асаре таълиф нашуд.
Нашриёти «Ирфон» соли 1977 «Асарҳои мунтахаб» - и Сайидои Насафиро нашр кард.
Мавриди таъкид аст, ки ба камтар аз шоирони Мовароуннаҳр даст дода, то мисли ӯ дар ғазал, мухаммас ва маснавӣ навҷӯиҳо карда бошад. Махсусан, мисли «Баҳориёт» ва дар пояи он ҳеҷ адибе асаре таълиф нанамудааст.
Бо истифодаи ин фурсати муносиб, яъне таҷлили 400 - солагии Сайидои Насафӣ бояд эҷоди ӯ аз нав нашр ва дастраси хонандагон, хосса омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ гардад. Нашри таҳқиқотҳо, махсусан асари пажӯҳишии академик Абдулғанӣ Мирзоев низ ногузир мебошад.
Ба ашъори ин шоири тавонои тоҷик бисёр аз овозхонони шинохтаи кишвар, аз қабили Одина Ҳошим, Ҷӯрабек Назрӣ, Маҳкам Зубайдуллоев оҳанг баста, суруд хондаанд. Бисёр хуб мебуд, агар ҳамаи онҳо ҷамъовариву дастраси ҳаводорон мешуд.
Омӯзиш ва пажӯҳиши ашъори ноби ин адиби забардаст, бояд барои ҳеҷ давре қатъ нагардад, балки идома ёбад, то ба асрори маонӣ ва рамзҳову ишораҳои ӯ бештару беҳтар роҳ бибаранд.
С. БУРҲОНОВА,
ноҳияи Ёвон
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 26.07.2018 №: 147 Мутолиа карданд: 1341