ҳуқуқ
АМАЛИЁТИ МАХСУС. МУСОДИРАИ БОЗ 108 КИЛОГРАММ МАВОДИ НАШЪАОВАР
Чанд рӯз пеш хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ ва амалиётҳои махсус гузаронда, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддирро аз ҷониби қочоқчиёни афғон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ карданд. Зимни гузарондани амалиёти махсус се задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.
Дар амалиётҳои мазкур ҳангоми убури ғайриқонунии марзи давлатӣ миёни қочоқбарони афғон ва сарҳадбонони тоҷик задухӯрдҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ омада, дар натиҷа 3 қочоқбари афғон безарар гардонда шуда, 6 нафар ҳаммаслакони онҳо дастгир гардиданд. Боқимонда қочоқбарони афғон ба муқовиматҳои марзбонон тоб наоварда, ба тарафи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.
Ҳангоми азназаргузаронии ҷойҳои ҳодиса як адад яроқи оташфишони «Винчестер» бо тирҳояш, 93 кг 800 гр маводи нашъадори навъи афюн ва 15 кг маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира шуд.
Дар ин самт аз ҷониби мақомоти дахлдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.07.2018 №: 148 Мутолиа карданд: 950