маориф
ХОВАЛИНГ.
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНАИ ХОНАНДАГОН ИДОМА ДОРАД
Барои ташкили самарабахши истироҳати тобистонаи хонандагон дар мавсими истироҳатии соли 2018 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг якҷо бо шуъбаи маориф ҳамаи чораҳои заруриро баҳри солимгардонӣ ва истироҳат дар лагерҳои фароғатӣ фароҳам оварда, кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки фароғати онҳо дар сатҳи баланд гузаронда шавад. Шуъбаи маориф ва кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия нақшаи теъдоди хонандагони ба истироҳат фарогирифташударо дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонд. Бино ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг Нафиса Сафарова дар лагерҳои фароғатии таълимӣ, ки дар назди муассисаҳои таълимӣ гузаронда мешаванд, зиёда аз 1 ҳазору 584 нафар хонандаро фаро гирифтааст.
Дар асоси нақшаи чорабиниҳо хонандагон дар 3 давра 12 рӯзӣ истироҳат мекунанд. Барои таълиму тарбия ва назорати шабонарӯзии онҳо 30 нафар омӯзгорон вобаста шудаанд. Сиҳативу саломатии онҳо таҳти назорати доимии табибон қарор дорад. Аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва соҳибкорон хонандагони бо истироҳат фарогирифташуда рӯзе 3 маротиба бо хӯроки гарму болаззат таъмин мебошанд. Роҳбарони стансияи санитарию эпидемиологии ноҳия оид ба назорати вазъи санитариву гигиении истироҳатгоҳҳо корҳои судмандеро анҷом дода истодаанд.
Ҳоло 12 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар лагерҳои «Файзи истиқлол» - и ноҳияи Варзоб дар истироҳати тобистона қарор доранд. Онҳо дар давоми истироҳат бо варзиш, шашкаву шоҳмот, футболу волейбол, баскетболбозӣ, тенниси рӯи миз ва ҳунарҳои мардумиву касбомӯзӣ машғул мебошанд. Бо фармоиши шуъбаи маорифи ноҳия дар лагерҳои истироҳатӣ дар давраи таътили тобистона барои хонандагон озмуни китобхони беҳтарини соли 2018 гузаронда мешавад. Мақсад аз гузарондани озмун баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзиши китобҳои бачагона ва бадеӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, дар истироҳатгоҳҳои муассисаҳои таълимии ноҳия гӯшаи китобҳои бачагона ва бадеӣ ташкил ва дар ихтиёри истироҳаткунандагон вогузор шудааст. Ин ба беҳтар шудани дониши хонандагон кумак мерасонад.
Холназар КАСИРОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.07.2018 №: 150 Мутолиа карданд: 1111