маориф
МУВАФФАҚИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ДУШАНБЕ
ДАР ПОРТУГАЛИЯ, ЧЕХИЯ ВА СЛОВАКИЯ
Дар шаҳри Лисабони Ҷумҳурии Португалия 49 - умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз фанни физика (49th IPhO 2018) баргузор гардид. Тибқи иттилои Хуршед Каримов, муовини директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, дар он зиёда аз 400 довталаб аз 90 кишвар иштирок карда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро 5 хонанда муаррифӣ намуд.
Дар ҷамъбаст Сабина Абдураҳмонова, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе, Далер Пиров ва Фараҳманд Ҳасанов, хонандагони литсей - интернати тоҷикӣ - русӣ «Ҳотам ва ПВ» дар шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм ва сеюм гардида, парчами Тоҷикистони азизамонро дар байни 90 давлати дунё баланд бардоштанд.
Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Словакия ва Ҷумҳурии Чехия 50 - умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ (50th IChO 2018) аз фанни химия байни 280 довталаб аз 70 давлат баргузор гардид.
Дар ҷамъбасти олимпиада Иномҷон Маҷидов, хонандаи литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ва Аҳрор Исмоилӣ, хонандаи МТМУ № 3 - и ноҳияи Спитамен сазовори медали биринҷӣ гардиданд.
Дар маҷмӯъ, хонандагони тоҷик ба кишвар 5 медал (2 нуқра ва 3 биринҷӣ) оварданд. Бояд гуфт, ки чунин пирӯзӣ миёни довталабони пурқуввати зиёда аз сад кишвар ва ҳалли масъалаҳои мушкилтарини фанҳои дақиқ далели дониши мукаммали хонандагони тоҷик мебошад.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илм, дар шаш моҳи соли 2018 хонандагони тоҷик дар 16 Олимпиадаи байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 206 медал, аз ҷумла 47 тилло, 73 нуқра ва 86 биринҷӣ гардиданд.
Раҳматулло КАРИМОВ, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.07.2018 №: 150 Мутолиа карданд: 1076