ҳуқуқ
ЛЕВАКАНТ:
ЯК НИШАСТИ МУҲИМ
Бо мақсади мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, устувории суботи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муқовимат дар ҷангҳои иттилоотӣ дар шаҳри Левакант дар мавзӯи «Шуури сиёсӣ, пойдории амнияти миллӣ - манбаи асосии аз байн бурдани терроризм ва экстремизм» конференсия доир гардид.
Дар он Санавбар Самеъзода, раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо, кормандони сохторҳои гуногуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони маҳаллаҳо ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр ширкат варзиданд.
«Омилҳои пайдоиш ва хатарҳои терроризми муосир», «Муқовимат бо терроризм ва экстремизм», «Роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарои экстремистию террористӣ», «Баланд бардоштани шуури сиёсии аҳолӣ ва таҳкими амнияти миллӣ» аз ҷумлаи мавзӯъҳои асосие буданд, ки мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор ёфтанд. Аҳли толор, ҳамчунин, бо мафҳумҳои терроризму экстремизм, таърих ва сабабҳои пайдо шудани онҳо, таъсири манфии онҳо ба ҷомеаи башарӣ ошно гардида, ба саволҳои худ посухҳои муфассал гирифтанд.
Санавбар Самеъзода бо овардани мисолҳо аз зиндагии мардуми кишварҳои ҷангзада, назири Сурия, Яман, Либия, Ироқ, Афғонистон ва оқибати рафтори чанд нафар сокини шаҳр, ки дар ҷангҳои кишварҳои араб иштирок доштанд, мардумро ба ҳушёр будан дар рӯ ба рӯ бо ин вабои аср, ба таълиму тарбияи ҳамаҷониба фаро гирифтани фарзандон ва содиқона дӯст доштани Ватану ҳимояи он даъват намуд.
Зикр шуд, ки терроризму экстремизм аз ҷониби давлатҳои манфиатхоҳ танҳо бо мақсади ҳар чи бештар даст ёфтан дар ҳукмронии ҷаҳон рӯйи кор омадаанд ва муқовимат бо онҳо аз ҳар фарди солимфикри ҷомеа дониши амиқи сиёсӣ ва динию дунявиро талаб дорад. Зеро таҳлилҳо собит намудаанд, ки бештар афроди ноогоҳ ва камдониш ба доми найранги ин гурӯҳҳо меафтанд.
Шаҳбоз АБРОР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.07.2018 №: 150 Мутолиа карданд: 844