мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПИЕТРО САЛИНИ
30 июл дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари ширкати “Салини Импреҷило” (Salini Impregilo) Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати итолиёвии “Салини Импреҷило” оид ба иҷрои уҳдадориҳои дуҷониба дар сохтмон ва барқарорсозии иншооти гидроэнергетикии Неругоҳи барқи обии Роғун баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ дар сарбанди неругоҳ, ки зимни як сафари корӣ мушоҳида карданд, андешаронӣ намуда, таъкид доштанд, ки барои дар фасли тирамоҳ ба истифода додани навбати аввали агрегати неругоҳ бояд тамоми корҳо сари вақт ва босифат иҷро гарданд.
Дар ҷараёни мулоқот роҳбарияти ширкати “Салини Импреҷило” ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи иҷрои уҳдадориҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ маълумот доданд.
Изҳори бовар карда шуд, ки паймонкори сохтмони сарбанди Неругоҳи барқи обии Роғун ширкати “Салини Импреҷило” барои татбиқи нақшаи лоиҳавии бунёди иншоот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 31.07.2018 №: 150 Мутолиа карданд: 1131