logo

ҳукумат

Иттилоия

30 июл таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садамаи нақлиётии рӯзи 29 июл дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон содиршуда, ки боиси ҳалокати чор нафар сайёҳи хориҷӣ шуд, баррасӣ гашт. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири қурбониёни ин ҳодисаи фоҷиабор дақиқаи хомӯшӣ эълон карданд.
Сипас, оид ба рафти тафтишоти ҳодиса гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф, вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон ва раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов шунида шуд.
Таъкид гардид, ки бо дастури Пешвои миллат аз ҳисоби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, амният ва мақомоти прокуратура гурӯҳи махсуси фаврӣ - ҷустуҷӯӣ таъсис ёфт. Барои ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорон парвандаи ҷиноӣ кушода шуда, дар кӯтоҳтарин муҳлат чанд тан аз аъзои гурӯҳи ҷинояткор дастгир гашт.
Дастур дода шуд, ки дар саросари кишвар тартиботи ҷамъиятӣ таъмин ва тадбирҳои амниятӣ пурзӯр карда шаванд.
Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи кадрҳо низ баррасӣ гардид.
Дар кори маҷлис масъала “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018 - ро таҳлил намуда, таъкид доштанд, ки захираву имкониятҳои кишвар барои ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии гузошташуда ва таъмин намудани рушди босуръати иқтисодии кишвар то ҳанӯз самаранок истифода нашудаанд.
Дар баробари таъмини нақшаи даромади буҷети давлатӣ сифатнокии қисми даромади ҷории он аз ҳисоби 3 намуди андоз ва дигар пардохтҳо ба маблағи 275 миллион сомонӣ таъмин нагардидааст. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар 13 шаҳру ноҳияи кишвар таъмин нашудааст.
Аз ин рӯ, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки бо мақсади таъмини сифатноки нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар соли 2018 тадбирҳои амалӣ андешанд.
Бо мақсади пешгирии таъсири манфии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ба қисми даромади буҷет ва зиёдшавии қарзи онҳо Вазорати молия вазифадор гардид, ки дар самти татбиқи босамари Стратегияи идоракунии хавфҳои фискалии корхонаҳои давлатӣ барои солҳои  2016 - 2020 чораҷӯӣ карда, инчунин, барои таъмини шаффофияти хароҷоти маблағҳои буҷетӣ дар нимсолаи дуюми соли 2018 натиҷаҳои Стратегияи анҷомёфтаистодаи идоракунии молияи давлатиро барои солҳои 2009-2018 арзёбӣ намояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои нигоҳ доштани устувории қурби пули миллӣ, сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ ва тақвияти назорати бонкӣ Бонки миллиро вазифадор карданд, ки татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва буҷетро таъмин намояд.
Зимни таҳлил Сарвари давлат таъкид доштанд, ки бо дарназардошти ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир бо ҷалби сармояи хориҷӣ суръати рушди соҳаи саноат дар сатҳи 16,9 фоиз таъмин гардидааст, вале ин нишондиҳанда ҳанӯз кам аст. Дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ истеҳсоли 22 намуд маҳсулоти саноатии коркард коҳиш ёфта, фаъолияти 107 корхонаи соҳа қатъ гардидааст.
Вобаста ба ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси таҳлили иқтидору имконоти минтақаҳо ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки истеҳсолоти саноатӣ доир ба пайваста афзоиш додани коркарди ашёи хом то дараҷаи маҳсулоти ниҳоӣ чораҳои амалӣ андешида, роҳҳои барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз фаъолият бозмондаро ҷустуҷӯ намояд.
Дар кори маҷлис Президенти мамлакат Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ширкати “Барқи тоҷик” - ро вазифадор намуданд, ки таваҷҷуҳи асосиро ба самти ҳалли масъалаҳои муҳими соҳаи энергетика - ба ҷамъоварии маблағи фурӯши неруи барқ, пешгирии талафоти техникии неруи барқ, васли ҳисобкунакҳои муосири барқӣ, таъмиру навсозии хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳо дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат, инчунин, ба роҳ мондани фаъолияти самаранок дар самти истеҳсол ва истифодабарии неруи барқ равона созанд.
Зимни таҳлили вазъи соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд, ки ҳарчанд дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои муқоисавӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст, дар соҳа як қатор масъалаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҷой доранд. Яке аз онҳо иҷро нагардидани нақшаи кишти такрорӣ ва масъалаи дигар дар ҳолати ғайриқаноатбахши мелиоративӣ қарор доштани 37 ҳазор гектар заминҳо мебошад.
Вазорати кишоварзӣ вазифадор гардид, ки дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои давлатӣ доир ба зиёд кардани майдони кишти такрорӣ ва боғу токзор, инчунин, захира ва коркард намудани маҳсулоти соҳа чораҳои саривақтӣ андешад.
Барои расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон татбиқи чораҳои мушаххасро бобати истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва ҳавасмандгардонии сармоягузориҳо, амалигардонии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва аз худ кардани маблағҳои татбиқи лоиҳаҳо, зарур шумурданд.
Барои фароҳам овардани замина ба рушди устувори соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ татбиқи “Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020”- ро муҳим арзёбӣ карданд.
Дар кори маҷлис “Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2018” ва “Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 - 2021” вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода, раиси Хадамоти гумрук Хуршед Каримзода ва директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Сафаралӣ Наҷмиддинов ҳисобот доданд.
Дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санад “Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва ду хулосаи Ҳукумати кишвар “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо” ва “Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти китобдорӣ” баъди муҳокима барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.
Аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барномаи минтақавӣ оид ба амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории аҳамияти иҷтимоидошта барои рушди устувори ҷамоаҳои маҳаллӣ барои солҳои 2018 – 2022», «Доир ба тадбирҳои беҳтар кардани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023» ва «Дар бораи дастгирии давлатии молиявии баъзе корхонаҳои энергетикии ҷумҳурӣ» - ро баррасӣ карданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукуматро ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда, таъкид доштанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, то иҷрои нақшаҳои бунёдкориву ободониро дар муҳлатҳои муқарраршуда ва босифат таъмин намоянд.
Дар охир баъди муҳокимаи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои Ҳукумат ва роҳбарони ҳамаи сохторҳои давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои қарорҳои Ҳукумат ва қонунҳои ҷумҳурӣ, инчунин, иҷрои дигар масъалаҳои маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурҳои мушаххас доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 31.07.2018    №: 150    Мутолиа карданд: 5304
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед