logo

туризм

БАДАХШОН – САЙРИ ҶАҲОН

Соат шаши субҳ бошад ҳам, гармии фавқулодаи чанд ҳафтаи нимаи дуюми моҳи июли пойтахти кишвар аллакай гӯё аз танӯре гармии боқимондаро ба машом мерасонад. Солҳои пеш чунин гармиҳо камтар рух медоданд, аммо бо табиат наметавон баҳс кард. Ба ҳар ҳол, мо худро тасалло медиҳем, зеро ба ҷойе сафар дорем, ки ҳама кӯҳ асту об асту насими сарди дарёи Панҷ моро аз ин гармо раҳоӣ мебахшад. Ин сафар ба сӯи Бадахшон аст.
 15 - 16 соат савори мошин ба як гӯшаи дурдасти кишвар сафар кардан андак душворӣ дошта бошад ҳам, кайфияту ҳаловати сафар ҳама хастагиву душвориро қадам ба қадам рафъ месозад. Аз баландӣ ба баҳри Норак менигарем ва шукрона мекунем, ки кишвари мо манбаи об аст. Ду ағба паси сар гашту ба ноҳияи Данғара расидем. Пасон, ноҳияи Восеву шаҳри Кӯлоб. Зиндагӣ бо маром ҷараён дорад. Ҳама дар пайи ташвишҳои  худ. Ин далели оромии фазои кишвар аст. 
Сафар кардан дар диёри худ фараҳзост. Дар сафар эҳсос мекунед, ки Тоҷикистон кӯчак нест, балки бекарона аст. Душанбе, шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Норак, Данғара, Восеъ ҳар кадом ба монанди навори сабтшуда аз пеши чашм мегузаранд. Соати дувоздаҳи рӯз ба ошхонаи «Помир - Душанбе» расидем. Ронандагоне, ки ба сӯйи Бадахшон ҳаракат мекунанд, ё аз Бадахшон ба Душанбе меоянд, гӯё иттифоқе доранд, аксаран дар инҷо таваққуф мекунанд. Мусофироне, ки дар пойтахт аз пайи интихоби нақлиёт буданд, дар инҷо чун шиносҳои дерин ба ҳамдигар салом медиҳанд, баъзан аз куфти роҳу бардошти сафари ҳамдигар пурсон мешаванд. Баъди таваққуф ва тановул боз ба роҳ мебароем. Акнун роҳи сӯйӣ ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро пеш мегирем. Аз баландиҳои ағбаи ин ноҳия деҳоту манзараҳои зебо ба назар мерасанд. Поиндаштро аз баландӣ дидан аҷаб ҳаловате дорад. Дар хаёли манзараҳои ин навоҳӣ ба оғӯши силсилакӯҳҳои тӯлонии Бадахшон ворид мешавем. Роҳи Бадахшон афсункор будани табиатро ба мо собит месозад. Теғаҳои кӯҳҳои баланд ва дарёи пурхурӯшу тезсуръати Панҷ бинандаро мафтун месозад. Дар тӯли роҳ аз чапу рост аз оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс рӯдҳои шӯхи кӯҳӣ чун шир ба дарёи Панҷ мерезанд. Нӯшидани оби чашмаҳои сарду гуворо ба кас ҳаловат мебахшад.
Дар он тарафи дарё низ зиндагӣ ҷараён дорад. Мардуми Афғонистони ҳамсоя низ дар пайи зиндагии худанд. Дар Бадахшони Афғонистон низ ба қадри ҳар як ваҷаб замин мерасанд. Мардуми ҳар ду соҳил аз фарсахҳо роҳ аз миёни кӯҳҳо ҷӯй канда об овардаанд, то порчаи заминеро сарсабз гардонанд.
Сафар дар оғӯши кӯҳистони Бадахшон асрори ба худ хос дорад. Ин асрор сабр аст, назар кардан ва дидан аст. Сабр шуморо ба манзил мерасонаду назар кардану дидан ҷаҳони маънӣ мебахшад. Бадахшон шуморо ба сайри ҷаҳон, ба Чину Қирғизистону Покистон мебарад. Табиати афсункор шуморо водор менамояд, ки ба дуриҳо назар афканед ва дурбин бошед.
Манзараҳои дилфиреб ва назаррабои Дарвозу Ванҷ паси сар гардид. Девдара имрӯз тобеи инсон гашта Гулдара шудааст. Бо талошҳои бевоситаи Пешвои миллат ин роҳ имрӯз ба шоҳроҳи ҳаёт табдил ёфтааст. Аҷобати сафари роҳи кӯҳӣ хеле зиёд аст. Ҷолибтарин мушоҳида ҳар сари 60 - 100 фарсах ба чашм расидани сайёҳони хориҷӣ буд, ки савори мототсиклу велосипед ба ин ё он сӯ равон мешуданд. Ба қавли ронанда онҳо имсол хеле зиёд шудаанд. Гоҳе аз тирезаи мошин ба онҳо менигарем, ки хандону хушҳол дастафшонӣ мекунанд. Дар мавзеъҳои тамошобоб таваққуф намуда, ба манзараҳои гуворои табиати афсункор чашм медӯзанд, бо ишораи даст ҳамроҳони худро аз офаридаҳои табиат мужда медиҳанд, манзараҳои ҷолибро акс мебардоранд.
Дар Хоруғ дар меҳмонхонаи «Дое Назарбайр» ҷойгир шудем. Алиназар соҳиби ин меҳмонхона, ки марди хандону кушодачеҳра аст, ба мо нақл кард, ки аксар ба меҳмонхонаҳо номҳои машҳурӣ аврупоӣ мегузоранд. Ман ин корро накардам. Ман мехоҳам хориҷиён низ аз мо чизе омӯзанд. «Дое Назарбайр» номи одӣ аст ва маънои амаки Назарбойро дорад. Дар корвонсарои ӯ чанд нафар меҳмонони хориҷӣ низ буданд. Махсусан, марду зани тақрибан 50 – 60 - сола бо мо зуд унс гирифтанд.
 Хоруғро шаҳри тангу хурд гумоштан чандон дуруст нест. Он дар домани соҳили дарёи Ғунд шаҳри зебову диққатрабоест. Агар он шабу рӯз дар Душанбе гармии ҳаво то 40 - 43 дараҷа буд, дар ин ҷо дар бораи гармӣ қариб, ки фикр намекардем. Чунин ба назар мерасад, ки Хоруғ шаҳри сайёҳист. Ба муносибати эълони соли сайёҳӣ дар шаҳр меҳмонхонаҳои замонавӣ сохта шудаанд. Ба гуфтаи Алиназар шумораи меҳмонони хориҷӣ имсол бамаротиб афзудааст.
Идомаи сафари мо ба маркази ноҳияи Шуғнон, ки аз шаҳри Хоруғ чандон дур нест, сурат гирифт. Барои ба он ҷо рафтан ним соат кифоя аст. Биноҳои маъмурии ҳукумати ноҳия дар ҷойи баландӣ воқеъ гардидааст. Аз баландӣ манзараҳои кӯҳистони Афғонистонро чун ойинаи мусаффо мебинед. Ва ин танҳо дидан нест, балки ба дилҳо фараҳ бахшидан аст. Чашмаи Носир дар ин мавзеъ ҷойгир аст. Дар бораи ин чашма зиёд шунидаву хондаем. Чашма дар пояи кӯҳ ҷойгир шуда, оби мусаффо ва сард дорад, ки нӯшиданаш ба ҷон ҳаловат мебахшад. Чашмаи Носир на танҳо мавзеи зиёрат, балки маркази фарҳангӣ низ аст. Осорхонаи хурди ин макон ба хурду калон хидмат мекунад, зиёраткунандагон ривояти кашфи ин чашмаро тариқи филмнома тамошо мекунанд, ба харитаи сафарҳои Носири Хусрав,  осори ӯ ва нигораҳои дигар шинос мешаванд.
Маркази ноҳияи Роштқалъа аз шаҳри Хоруғ дар масофаи 47 километр ҷойгир аст. Он аз 6 ҷамоат иборат аст, ки калонтаринаш Ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакар мебошад. Роштқалъа табиати зебо ва ҳавои форам дорад. Аз оғӯши кӯҳҳо насими фораме бо бӯйи гиёҳҳову алафҳои сабзи табиӣ ба машом мерасад.
Сафар ба ноҳияи Ишкошим андаке душворӣ доштааст. Ин ноҳия аз маркази вилоят дар масофаи 110 километр воқеъ гардидааст ва нақлиёт ба онҷо дар вақту соати муайян меравад. Дар сафар ба ин ноҳия бо ду нафар сайёҳ ҳамроҳ шудем. Ронанда марди тақрибан 50 – 55 - сола дар кадом ташкилоти байналмилалӣ замоне ба сифати ронанда кор карда забони англисиро аз худ кардааст. Ҳамсафарони мо марду зани итолиёвӣ, ки чун сайёҳ ба Ишкошиму Мурғоб қасди сафар доштанд, бо ӯ озодона суҳбат мекарданд. Ӯ чун роҳбалад дар бораи забон ва баъзе анъанаҳои мардуми кӯҳистон нақл мекард. Аз суҳбати ронанда, ки бо забони англисӣ сурат мегирифт, сайёҳон хушҳол гардида, бо хушнудӣ иброз доштанд, ки соли дуюм аст ба Бадахшон меоянд, зеро табиати ин диёр ба онҳо хело писанд аст.
 Баъди Гармчашма ба чашмаи Нарзан расидем. Оби сарди маъданӣ хуштамъ ва хеле гуворо аст. Ҳар як мошини дар ин роҳ ҳаракаткунанда ҳатман дар назди ин чашма меистад ва мусофирон аз оби он нӯш мекунанд. Дар ин роҳ сайёҳони хориҷӣ бештар равуо доранд. Ишкошим ноҳияи баландкӯҳ ва саршор аз чашмаву обҳои шифобахш аст. Гармчашма, оби Нарзан, чашмаи Авҷ, чашмаи Бибифотимаи Заҳро шуҳрати ҷаҳонӣ доранд. Аз тарафаи дигар, саргаҳи Ишкошим ба ноҳияи Мурғоб пайваст мешавад ва барои сайёҳон хати ҳаракати хубест. Дар маркази ноҳия баъди нисфирӯзӣ шамоли форам мевазад. Касе асрори ин шамолро гуфта наметавонад, аммо ҳама онро неъмати табиат медонанд.
Дар ин сафари кӯтоҳ на танҳо аз табиати як гӯшаи биҳиштосои Тоҷикистон дидан кардем, аз неъматҳои табиии он баҳра бардоштем, балки ба хислату тинати мардуми ин диёр аз наздик шинос шудем. Бадахшониҳо мардумони пурмуҳаббату бофарҳанганд, ҳушёру зираканд, ба ҳамдигар самимияти хосса доранд, меҳмондӯсту меҳмоннавозанд, қалби саршор доранд. Хурду бузург дар ин гӯшаи кӯҳсор забони англисиро меомӯзанд ва дуруст ҳам мекунанд. Шумораи сайёҳони хориҷӣ ба ин минтақа торафт меафзояд ва донистани забон низ сайёҳонро ҳавасманд мегардонад. Аз сафари чандрӯза ба Бадахшон бори дигар мутмаин гардидем, ки ин гӯшаи зебои Тоҷикистон бо қуллаҳои осмонбӯс, бо дарёҳои саршор, бо чашмаҳои шифобахш ва бо табиати афсункор воқеан макони сайру саёҳат аст.                                                                             

Мурод МУРОДӢ,
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
устодони ДМТ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.08.2018    №: 152    Мутолиа карданд: 1296
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед