маориф
АГАР МАСЪУЛИЯТ БОШАД…
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба омӯзгорон ва ба ин васила беҳтар кардани раванди таълим тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Яке аз тадбирҳои басо муҳим гузариш ба низоми нави таълим – низоми таълими салоҳиятнокӣ мебошад. Салоҳият маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратро, ки бо ҳам пайванданд, пурзӯр менамояд. Дар ин низом диққати асосӣ ба хонанда дода мешавад, махсусан «Хонанда чӣ кор карда метавонад?», «Хонанда кадом амалро иҷро карда метавонад?». Дониш дар ин низом ҷузъи таркибии малака ба ҳисоб рафта, барои санҷидан, муқоиса кардан бо намуна ва ислоҳи ғалатҳо истифода мегардад.
Пеш аз мавзӯи асосиро гузаштан омӯзгор савол медиҳад: «Агар ба шумо барои иҷрои ягон кор ду роҳ, яъне роҳи осону шавқовар ва душвору дилгиркунанда пешниҳод намоянд, кадоми онро интихоб мекунед? Албатта, роҳи якумро. Ҳамин тавр не?»
Барои фарзандони мо низ омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ бояд осону шавқовар гузарад. Ҷараёни дарс агар ҷолиб набошад, хастагӣ эҳсос мешавад, хонанда хоҳиши гӯш кардан намекунад. Мутаассифона, дар баъзе маврид омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ душвор ва дилгиркунанда сурат мегирад. Бархе аз муаллимон хостори ҳарчи зудтар гузарондани соати барояшон ҷудогардида буда, ба муҳимияти истифодаи ин усул кам таваҷҷуҳ мекунанд. Гуфтан мумкин аст, ки мо, омӯзгорон, бо дарсҳои хушку холии худ, бо як гуфтан ба хонанда дониши мукаммал дода наметавонем. Аз ин лиҳоз, пайваста дар омӯзиш ва пешрафти худ низ бояд бошем. Вазифаи аввалиндараҷаи мо ташаккул додани нутқи хонанда мебошад. Хонанда бояд дар дарс худро озод ҳис намуда, фикрашро баён карда тавонад, матни хондаашро нақл кунад.
Равоншиносон ба хулоса омаданд, ки дар раванди таҳсил бояд чанд ҷиҳати психологӣ ба инобат гирифта шавад. Масалан, дар вақти омӯзиш ҳар хонанда ба воситаи аъзои шунавоӣ (аудиал) – 5 дарсад, кинистетик (ломиса) – 35 дарсад, ҳамчунин ба воситаи дигистал (рақам, нақша, аломатҳо) – 25 дарсад ва ниҳоят визуал (биноӣ) – 35 дарсад қобилияти азхудкунии ин ё он иттилоотро дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар як омӯзгорро зарур аст, ки ин ҷиҳатҳои психологии хонандаро ба инобат гирад, ба қобилияти дарккунии ӯ, махсусан дар ҳоли ҳозир, ки инкишофи зеҳнии хонанда босуръат ҷараён мегирад, диққати бештар диҳад. Ҳисси масъулияти баланд асосӣ бомуваффақият иҷро гардидани низоми таълими салоҳиятнокӣ ва пешрафти насли наврас ба ҳисоб меравад.
Улфатмо ОЛИМШОЕВА,
Нигина АЛИМОВА,
омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 51 – и шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: ,06.08.2018 №: 154 Мутолиа карданд: 1029