туризм
САЙЁҲӢ. ТАДБИРҲОИ МУҲИМ ҶИҲАТИ РУШДИ СОҲА
Бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии кишвар дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Кумитаи рушди сайёҳӣ як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла оид ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва имкониятҳои сайёҳии шаҳри Душанбе, муаррифии ёдгориҳои таърихӣ - фарҳангӣ, захираҳои табиӣ, рекреатсионӣ, имтиёзҳои андозию гумрукии соҳаи сайёҳӣ ва ҳунармандӣ роликҳои таблиғотиро таҳия намуд, ки айни замон тариқи шабакаҳои телевизионӣ пайваста намоиш дода мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар шабакаи ҷаҳонии Интернет, аз ҷумла, дар Портали миллии сайёҳии Тоҷикистон, шабакаҳои иҷтимоии “Ютуб” ва “Фейсбук” низ таблиғ карда мешавад. Танҳо дар шабакаи “Ютуб” 70 ролику наворҳои тарғиботӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ гузошта шудааст, ки дар онҳо урфу одат, анъанаҳои миллӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ, мамнӯъгоҳу парваришгоҳҳо, ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо ва Боғи миллӣ инъикос ёфтааст. Ин роликҳои тарғиботӣ ҳангоми бузургтарин намоишгоҳҳои байналмилалии туристӣ, аз ҷумла дар намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳии ҷаҳон “”ITB-Берлин” - и Олмон, “Интурмаркет - 2018” ва “МИТТ” - и Русия, зери шиорҳои “Тоҷикистон – кишвари сайёҳӣ” ва “Хуш омадед ба Тоҷикистон – кишвари кӯҳҳои баланд ва дилҳои нарм” пешниҳод шуд, ки аз ҷониби тамошобинону сайёҳон хуш пазируфта шуда, таваҷҷуҳи онҳоро ба Тоҷикистон ҷалб намуд.
Дар баробари ин, навору роликҳо ва буклету варақаҳои иттилоотӣ бо забонҳои англисиву русӣ ба сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар фиристонда шуда, пешкаши шаҳрвандону сайёҳон мегарданд, ки воситаи мусоид барои муаррифии имкониятҳои туризми Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Ба ҷуз ин, дар ҳошияи нақшаи чорабиниҳои Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ кумита як қатор озмунҳо, аз ҷумла, таҳияи маҷмӯаҳои “50 мавзеи ҷолиби сайёҳии Тоҷикистон” ва “Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон”, беҳтарин мақола, мусаввара ва расмҳо оид ба мавзеъҳои туристӣ, роликҳо ва наворҳои таблиғотӣ, армуғон барои сайёҳон, нақшаи тиҷоратӣ барои рушди сайёҳӣ, беҳтарин ширкати сайёҳӣ, меҳмонхона, осоишгоҳ, истироҳатгоҳ ва беҳтарин роҳбалад, либоси пешхизмат, маҳсулоти зардӯзӣ, чакан, таъому либоси миллӣ ва либосҳо барои сайёҳон бо рамзҳои миллӣ тариқи воситаҳои ахбори омма эълон намудааст, ки мақсад аз онҳо тарғибу ташвиқи бештари имкониятҳо, мавзеъҳои сайёҳии кишвар ва дар умум, боз ҳам рушд додани соҳа мебошад.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.08.2018 №: 154 Мутолиа карданд: 1039