logo

ҳуқуқ

ВМКБ.САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ КОҲИШ ЁФТААСТ

Дар нимсолаи аввали соли равон дар Вилояти Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24 ҷиноят камтар сабт шудааст. Вазъи ошкорсозии ҷиноятҳо низ беҳбуд ёфта, аз 18 ҷинояти дар ин давра содиршуда 14 ҳолат ошкор ва бо фикри айбдорӣ ба суд ирсол гардид. Аз 115 нафар шахси аз солҳои пеш дар кофтуков қарор дошта, 18 нафар дастгир шуд.
Дар ин бора Мансур Бухоризода, сардори раёсати Вазорати  корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ, иттилоъ дода, нисбат ба солҳои пеш коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ ва афзоиши  кушодашавии ҷиноятҳоро дар беҳтар гаштани ҳамкории милитсия бо мардум маънидод кард.
Ба гуфтаи ӯ, аввали соли равон дар маҷлиси Ҳукумати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз афзоиши ҷинояткорӣ дар ВМКБ изҳори нигаронӣ карда, дастур доданд, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкориашонро дар самти коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ бо мардум густариш диҳанд. Бинобар ин, раёсат ва шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят тамоми қувваю дониш ва малакаи касбиашонро ба ин самт равона намуда, ба муваффақият ноил шуда истодаанд.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони милитсия се гурӯҳи муташаккили ҷинояткор, ки дар вилоят ва берун аз он ба қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва сангҳои қиматбаҳо машғул буданд, дастгир шуда, аз онҳо зиёда аз 162 килограмм маводи мухаддир, 2 килограмм сангҳои қиматбаҳо бо арзиши калон мусодира гардид. Ҳамчунин, аз аҳолӣ 69 адад силоҳи ғайриқонунӣ гирифта шуд.
Дар вилоят ба корҳои фаҳмондадиҳӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, бахусус байни  ҷавонон таваҷҷуҳи бештар равона гардида, ба тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» диққати бештар дода мешавад. Дар муассисаҳои таълимӣ ва маҳалҳо бо волидайн ва омӯзгорону хонандагони синфҳои болоӣ дар ҳамкорӣ бо масъулон 428 суҳбату вохӯриҳо ташкил шуданд. Дар нимсолаи аввал бинобар вайрон кардани талаботи қонуни мазкур нисбат ба 280 нафар падару модар ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд. Умуман, дар ин давра дар вилоят қариб ҳафт ҳазор қонунвайронкунии маъмурӣ аз ҷониби кормандони милитсия ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб 128 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонда шуд.
Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.08.2018    №: 154    Мутолиа карданд: 1018
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед