ҳуқуқ
ВМКБ. ҲАНӮЗ ҲАМ ҚОНУНШИКАНИҲО ВОБАСТА БА ЗАМИН ҲАСТАНД
Санҷишҳои мутахассисони идораи замини вилоят ва гурӯҳҳои кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оид ба ин масъала нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди рӯи кор омадани як қатор тадбирҳо ҳанӯз ҳам қонуншиканиҳо дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят кам нашудаанд. Масалан, ҳам дар шаҳри Хоруғ ва ҳам дар маркази ноҳияҳои вилоят ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин барои манзил ва дигар иншоот нақшаи генералии шаҳр ё маркази ноҳияҳо сарфи назар карда мешавад.
Диловар Насруллобеков, раиси кумитаи идораи замини вилоят, дар робита ба ин масъала иброз дошт, тавре аз санҷишҳо бармеояд, дар шаҳри Хоруғ аз соли 2011 то охири соли 2017 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин, навсозӣ, сохтмони биноҳои иловагӣ, манзил ва дигар иншоот бештар аз ҳазор қарори раиси шаҳр ба тасвиб расидааст, ки дар онҳо аксаран қоидаҳои меъморию шаҳрсозӣ сарфи назар шудаанд. Мақомоти назоратии шаҳру вилоят бошанд, ҷиҳати пешгирии қонуншиканӣ вобаста ба ин масъала чораҳои мушаххас намеандешанд ва ин ҳолат имрӯз ҳам идома ёфта истодааст. Боиси нигаронист, ки дар қаламрави шаҳр барои сохтмон фонди замин вуҷуд надошта бошад ҳам, мақомоти шаҳрдорӣ соли гузашта барои сохтмони манзилу иншооти дигар зиёда аз 60 қарор ба тасвиб расондааст.
Чунин ҳолат дар ноҳияи Шуғнон низ ҷой дорад. Раиси ноҳия давоми соли 2017 оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, дукону мағозаҳои тиҷоратӣ ва иншооти дигар 958 қарор ба тасвиб расондааст. Ин дар ҳолест, ки кумитаи идораи замини ноҳия фақат дар нимсолаи аввали соли равон вобаста ба истифодаи замин 32 ҳолати қонуншиканиро ошкор намудааст. Дар ноҳия дурнамои кишти зироатҳо иҷро намешавад. Соли равон ба камчинии майдони замини обӣ нигоҳ накарда, 51 гектар замини корам аз гардиши кишоварзӣ берун монд.
Санҷишҳо дар ноҳияи Рӯшон 54 ҳодисаи қонуншиканиро вобаста ба истифодаи замин дар майдони зиёда аз 10 гектар рӯи об бароварданд. Соли равон ба таъкидҳои чандинкарата нигоҳ накарда, дар ноҳия нисбат ба дурнамо 24 гектар сабзавот ва 91,7 гектар картошка кам кишт шудааст.
Дар шаҳри Хоруғ ва ҳамаи ноҳияҳои вилоят оид ба ҷудо намудани қитъаи замин аз доираи салоҳият баромадани мансабдорону шахсони масъул зиёд ба назар мерасад. Ин вазъ, бахусус дар ноҳияи Мурғоб, ташвишовар мебошад. Ҳуҷҷатгузорӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва идораи замини ноҳия ба таври ғайриқаноатбахш ба роҳ монда шудааст.
Ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони манзилу иншоот мақомоти шаҳрдорӣ бояд ризояти тамоми сохторҳои дахлдорро ба инобат гирад, зеро тибқи қонунгузории кишвар, бе ризоияти ҳатто як мақомоти салоҳиятдор дар бораи сохтмон қарор қабул кардани раиси шаҳр ё ноҳия мумкин нест. Аммо раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят ин ҳолатро баъзан сарфи назар мекунанд. Масалан, раиси ноҳияи Мурғоб ва роҳбарияти Боғи миллӣ дар вилоят барои шикор дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Гожо Бердибоев ва Рангкӯл ба ҶДММ «Нуркап» мавзеи муайян ҷудо намудаанд. Санҷиш нишон дод, ки қарори раиси ноҳия дар ин бора фақат дар асоси як лоиҳа ба тасвиб расида, аз тарафи идораи замини ноҳия бошад, оид ба ҷудо намудани ҳудуд ягон пешниҳод, парванда ва нусхаи харита тартиб дода нашудааст. Ҳол он ки тибқи қонунгузории кишвар дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки Боғи миллӣ низ ба онҳо дохил мешавад, ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмон ва шикору чарондани чорво фақат дар асоси қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ амалӣ карда мешавад. Кумитаи идораи замини вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят кӯшиш доранд, ки пеши роҳи чунин қонуншиканиҳоро гирифта, иҷрои ҳатмии Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар қаламрави вилоят пурра таъмин намоянд, то ҳар ваҷаб замин барои некуаҳволии мардум оқилонаву самаранок истифода шавад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 07.08.2018 №: 155 Мутолиа карданд: 1133