logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАРҲАМДИҲИИ ТАШКИЛОТҲОИ ҚАРЗӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  28 июни соли 2011 «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №6, мод. 432; с. 2012,  №7, мод.701) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 2:
- матни модда қисми 1 ҳисобида ва рақамгузорӣ карда шуда, калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад;
- қисми 2 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«2. Дар ҳолати мухолифат байни муқаррароти Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ, муқаррароти ҳамин Қонун татбиқ карда мешаванд.».
2. Ба моддаи 12 қисми 3 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«3. Хароҷот вобаста ба амалҳои  мудир аз ҳисоби ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд. Андозаи хароҷоти мудирро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Хароҷоти муқарраршудаи мудир пеш аз талаботи дигар нисбат ба ташкилоти қарзӣ пардохт карда мешаванд.».
3. Қисми 1 моддаи 35 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Дороиҳои ташкилоти қарзӣ, ки мавриди барҳамдиҳии маҷбурӣ қарор дорад, бо тартиби зерин тақсим карда мешаванд:
- маблағҳое, ки барои раванди барҳамдиҳии маҷбурӣ ва таъини барҳамдиҳанда ё мудири махсус харҷ шудаанд;
- музди меҳнат ба кормандони ташкилоти қарзӣ, ба истиснои пардохтпулӣ ба аъзои Шӯрои нозирон, ки дар рӯзи қабули қарор дар бораи оғози мурофиаи судӣ аз рӯи парвандаи барҳамдиҳии маҷбурӣ ҳисоб карда шудааст;
- қарзҳое, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Бонки миллии Тоҷикистон ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод кардаанд;
- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» суғурта шудаанд ва талаботи Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ мутобиқи суброгатсия аз рӯи маблағи ҷуброни суғуртавии пардохтшуда ё маблағи аз ҷониби Хазинаи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ тибқи моддаи 311 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» пардохтшуда;
- ҳар гуна талаботи пардохтнашудаи амонатгузорону пасандоздорон, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» объекти ҳатмии суғурта намебошад, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;
- ҳар гуна талаботи дигари таъминнашудаи қарздиҳандагон, ба истиснои шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзии тибқи қонун муайяншуда;
- андозҳое,  ки муҳлати пардохти онҳо дар давраи на бештар аз як соли пеш аз рӯзи қабули қарор дар бораи барҳамдиҳии маҷбурӣ  фаро расидааст;
- ҳар гуна талаботи шахсони вобастаи (алоқаманди) ташкилоти қарзӣ, ки  тибқи қонун муайян шудааст;
- ҳар гуна талабот нисбат ба қарзи субординарӣ.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1550

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2018, № 1122

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                       М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 574


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 1180
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед