logo

қонунҳои ҶТ

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ БОНКӢ»

Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, № 5, мод. 331; с. 2010, №7, мод. 555; с. 2011, № 12, мод. 846; с. 2013, № 11, мод. 786; с. 2014, № 11, мод. 663) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- сархати чорум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- ташкилоти қарзии давлатӣ - ташкилоти қарзие, ки сармояи (фонди) оинномавии он пурра ба давлат тааллуқ дорад;»;
- сархати бисту якум дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«- шахси вобаста (алоқаманд) – шахсони зерин дар назар дошта мешаванд:
а) аъзои Шӯрои нозирон;
б) кормандони роҳбарикунанда;
в) кормандони масъули ташкилоти қарзӣ, ки дар раванди қарздиҳӣ ва қабули қарор дар бораи додани қарз иштирок менамоянд;
г) шахси воқеии дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ;
д) аъзои оилаи шахсони дар зербандҳои а), б), в) ва г) сархати мазкур зикршуда;
е) шахси ҳуқуқие, ки ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар ташкилоти қарзӣ дорад;
ё) шахси ҳуқуқие, ки дар он шахсони дар зербандҳои а), б), в), г) ва е) сархати мазкур зикршуда ҳиссаи иштироки афзалиятнок доранд;
ж) шахси ҳуқуқие, ки дар он ташкилоти қарзӣ ҳиссаи иштироки афзалиятнок дорад, инчунин кормандони роҳбарикунанда ва масъули чунин шахси ҳуқуқӣ ва аъзои оилаи онҳо;
з) ҳар шахси дигар, ки бевосита ё бавосита метавонад ба қабули қарорҳои ташкилоти қарзӣ таъсир расонад;»;
- сархати бисту сеюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«- хизматрасониҳои пардохтӣ – қабул намудан ва додани маблағҳои нақд, ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш (эмиссия) ва (ё) хизматрасонии воситаҳои пардохтӣ ва хизматрасонӣ оид ба қабули пардохтҳо;». 
2. Аз матни моддаи 2 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
3. Дар моддаи 3:
- сархати шашуми қисми 1 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«- ҳисоббаробаркунӣ ва интиқоли маблағҳо, аз ҷумла интиқоли маблағҳои электронӣ, барориш ва ё хизматрасонии воситаҳои пардохт, ба истиснои интиқолҳои почтавӣ;»;
- қисми 2 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«2. Амалиёти бонкӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар сурати доштани иҷозатномаи дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон ҳам бо пули  миллӣ ва ҳам бо асъори хориҷӣ метавонад анҷом дода шавад.»;
- қисмҳои 2 - 4 мувофиқан қисмҳои 3 - 5 ҳисобида шаванд.
4. Дар моддаи 8:
- сархати сеюми қисми 3 хориҷ карда шавад;
 - дар сархати дуюм аломати нуқтавергул «;»  ба аломати нуқта иваз карда шавад.
5. Аз қисми 5 моддаи 11 калимаҳои «(марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул, нуқтаи мубодилаи асъор ва ғайра)» хориҷ карда шаванд.
6. Моддаҳои 16, 17 ва 18 дар таҳрири зерин  ифода карда шаванд:
«Моддаи 16. Ҳаққи хизмат ва хироҷи иҷозатномадиҳӣ
1. Барои баррасии дархост ҷиҳати гирифтани иҷозатнома бонк ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи 25 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳаққи хизмат пардохт мекунанд.
2. Барои гирифтани иҷозатнома бонк ба маблағи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ба маблағи 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт мекунанд.
Моддаи 17. Бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ
1. Иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ барои анҷом додани фаъолияти бонкӣ метавонад танҳо бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси як ё якчанд сабаби зерин бозхонд шавад, агар:
- ташкилоти қарзӣ дар давоми дувоздаҳ моҳ аз рӯзи амали иҷозатнома ба фаъолияти бонкӣ машғул нашавад ё зиёда аз шаш моҳ фаъолияти бонкиро қатъ карда бошад;
- амалиёти аз ҷониби ташкилоти қарзӣ иҷрошаванда хавфнок ва ё беасос бошад;
- ташкилоти қарзӣ қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон, ҳама гуна шарту талаботи иҷозатномаро вайрон кунад ё чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонии тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» андешидашударо иҷро накунад;
- асосҳо барои татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ, ки дар моддаи 50 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд, мавҷуд бошанд;
- Бонки миллии Тоҷикистон далелҳои асоснок дошта бошад, ки ташкилоти қарзӣ ё роҳбарони он ба фаъолияти ҷиноятӣ машғул шудаанд, ки дар натиҷаи он манфиатҳои пасандоздоронро зери хатари ҷиддӣ мегузоранд;
- ташкилоти қарзӣ аз ӯҳдаи иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон набаромада, ба иҷрои вазифаҳои назоратии он, аз ҷумла тавассути пинҳон кардан ё пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳои ҳисобдорӣ, баҳисобгирӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо барои санҷиш, монеъ гардад;
 - ташкилоти қарзӣ, бонки хориҷӣ ва ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии онҳо мебошанд, дар содир намудани ҷиноят, аз ҷумла қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, иштирок карда бошанд ё аз иҷозатнома маҳрум шуда бошанд;
- дар гузаронидани назорати бонкӣ бо сабаби пурра ё қисман ба кишвари дигар кӯчондани ташкилоти қарзӣ монеаҳо пайдо шаванд;
- пайдо шудани монеаҳо дар гузаронидани назорати бонкӣ, бо сабаби узви гурӯҳи ҷамъиятҳо будани ташкилоти қарзӣ ё бо сабаби он, ки ташкилоти қарзӣ ҷамъияти фаръии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ буда, ба таври дахлдор назорат карда нашавад;
- мақоми хориҷии назоратии бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ, ки бонкҳо ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкӣ ҷамъияти фаръии он мебошанд, барои бонки хориҷӣ ё ҷамъияти ҳолдингии ташкилоти қарзӣ мудири муваққатӣ ё барҳамдиҳандаро таъин карда бошад;
- фаъолияти ташкилоти қарзӣ барои низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон хавфнок бошад;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.
2. Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор аст иҷозатномаи ташкилоти қарзиро бозхонд намояд, агар муайян гардад, ки иҷозатнома дар асоси ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ё маълумоти бардурӯғ гирифта шудааст.
3. Бозхонди иҷозатнома ба ғайр аз асосҳое, ки дар Қонуни мазкур зикр гардидаанд, манъ аст.
4. Дар қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи бозхонди иҷозатнома бояд маълумоти зерин дарҷ гардад:
- асосҳои қабули қарор;
- номи пурраи ташкилоти қарзӣ;
- санаи эътибор пайдо кардани қарор;
- насаб, ном ва номи падар, вазифаҳои асосии мудир тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ.
5. Нусхаи қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фавран дар рӯзи қабули қарор ба ташкилоти қарзӣ дода мешавад.
6. Қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзӣ аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми як ҳафта аз рӯзи қабули он дар воситаҳои ахбори омма нашр карда мешавад.
7. Бонки миллии Тоҷикистон нусхаи қарор дар бораи бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзиро ба Хазинаи суғуртаи пасандозҳои  шахсони  воқеӣ ирсол менамояд.
Моддаи 18. Барҳамдиҳии ташкилоти қарзӣ
Ташкилоти қарзӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барҳамдиҳии ташкилотҳои қарзӣ» барҳам дода мешавад.».
7. Ба қисми 7 моддаи 19 пас аз калимаҳои «пурра намояд» калимаҳои «, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 551  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ гардидаанд» илова карда шаванд.
8. Сархати панҷуми қисми 7 моддаи 21 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
 «- хизматчии давлатӣ бошанд, ба истиснои узви Шӯрои нозирони ташкилоти қарзие, ки давлат дар он саҳмдор аст;».
9. Дар моддаи 23:
- ҷумлаи якуми қисми 1 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад: «Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ба истиснои раис ва аъзои раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ, баъди аз санҷиши тахассусӣ гузаштани онҳо, бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда мешаванд.»;
- қисми 5 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«5. Кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯи ихтисос дар низоми бонкӣ ва (ё) молия, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад – барои аъзои Раёсат, раис, муовини ӯ, сармуҳосиб;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ва (ё) молия ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ва (ё) молия - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал;
- шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;
- аъзои мақоми идоракунӣ, иҷроия ва ё корманди дигар ташкилоти қарзӣ набошанд;
- дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд, ба истиснои намояндаи давлат дар раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд.».
10.  Қисмҳои 6 ва 7 моддаи 29 дар таҳрири зерин  ифода карда шаванд:
«6. Бонки миллии Тоҷикистон метавонад меъёрҳои тафриқашудаи мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳоро аз рӯи намудҳои ташкилотҳои қарзӣ ё вобаста ба хавфҳое, ки онҳо дучор шудаанд, инчунин барои ташкилотҳои қарзии низомсоз муқаррар намояд. Ташкилоти қарзии низомсоз тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
7. Қарори Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани меъёрҳои мақбул ва тартиби ҳисобкунии онҳо пас аз 90 рӯзи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.».
11.  Қисми 2 моддаи 30 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«2. Муқаррароти қисми 1 моддаи мазкур нисбат ба аҳдҳои бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё таҳти кафолати он басташуда татбиқ намегарданд.».
12.  Ба моддаи 35 қисми 3 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«3. Ба ташкилоти қарзӣ додани иттилоот ба муштариёни худ ва шахсони дигар оид ба пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир ба иҷрои ҳама гуна аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ манъ аст.».
13.  Моддаи 39 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«Моддаи 39. Низоми пардохтӣ
1. Ташкилотҳои қарзӣ бо гирифтани иҷозатномаи оператори низоми пардохтӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон, метавонанд низоми пардохтӣ ё ҳисоббаробаркуниҳоро таъсис диҳанд.
2. Бонки миллии Тоҷикистон бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ қоида ва усулҳои фаъолияти низоми пардохтӣ, аз ҷумла шаклҳои ҳисоббаробаркуниро муқаррар мекунад.
3. Тартиби иштироки ташкилотҳои қарзиро дар низомҳои пардохтии байналмилалӣ ва анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
4. Бонки миллии Тоҷикистон тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтиро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ танзим ва назорат менамояд.».
14. Дар қисми 8 моддаи 48 калимаи «яроқ» ба калимаи «силоҳ» иваз карда шавад.
15. Дар моддаи 54:
- ба қисми 1 пас аз калимаи «таъсиррасонӣ» калимаҳои «, татбиқи чораҳои батанзимдарорӣ» илова карда шаванд;
- қисми 2 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«2. Баррасии баҳсҳо нисбат ба қарорҳои Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 881 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» анҷом дода мешавад.».
16.  Дар моддаи 55:
- дар қисми 3 калимаҳои «талаботи зикргардида» ба калимаҳои «хизматрасонии пешниҳодшаванда» иваз карда шаванд;
- қисми 7 дар таҳрири зерин  ифода карда шавад:
«7. Ташкилотҳои қарзӣ ӯҳдадоранд тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботи молиявӣ ва маълумот оид ба фаъолият ва хизматрасониҳо, сохтори моликият (саҳмиядорон ё иштирокчиён, манфиатдорони ниҳоӣ), сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ, риояи меъёрҳои мақбул, шахсони вобастаи ташкилотҳои қарзӣ ва хулосаи аудитории соли гузаштаро ифшо намоянд.»;
- қисми 10 бо мазмуни зерин  илова карда шавад:
«10. Ҳангоми аз ҷониби муштарӣ пеш аз мӯҳлат баргардондани маблағи қарзи асосӣ ташкилоти қарзӣ ҳуқуқи рад кардани қабули маблағи қарзи асосиро надорад. Ҳисоб кардани фоиз ба мӯҳлати боқимонда ва ҷарима барои пеш аз мӯҳлат баргардондани қарзи асосӣ манъ аст.»;
- қисмҳои 10 ва 11 мувофиқан қисмҳои 11 ва 12 ҳисобида шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                           Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1549

Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                           Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 25 майи соли 2018, № 1093

Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                      М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 573


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.08.2018    №: 156-157    Мутолиа карданд: 1222
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед