қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2007 «Дар бораи хизмати давлатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156; с. 2017, № 1-2, мод. 28, мод. 29, № 5, қ. 1, мод. 290) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар моддаи 1:
- дар сархати шонздаҳум калимаи «ҷамъиятро» ба калимаи «ҷомеаро» иваз карда шавад;
- сархатҳои ҳабдаҳум, ҳаждаҳум ва нуздаҳум хориҷ карда шаванд.
2. Сархати панҷуми қисми 3 моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ;».
3. Дар ном ва қисми 1 моддаи 12 калимаҳои «Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ» ба калимаҳои «Хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ» иваз карда шаванд.
4. Дар қисми 3 моддаи 13:
- рақами «32» ба рақами «26» иваз карда шавад;
- сархати дуюм дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ;».
5. Моддаи 31 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 31. Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» амалӣ карда мешавад.».
6. Аз қисми 3 моддаи 41 калимаҳои «дар сурати доштани на камтар аз 15 соли собиқаи хизмати давлатӣ ё ҳангоми маъюбӣ» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1543
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 16 майи соли 2018, № 1081
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 567
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2018 №: 156-157 Мутолиа карданд: 1365