қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ АМНИЯТ»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июни соли 2011 «Дар бораи амният» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 434; с. 2014, № 11, мод. 646; с. 2016, № 3, мод. 136) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд:
1. Аз матни моддаи 2, сархати шонздаҳуми моддаи 10, сархати ёздаҳуми моддаи 12, сархати дуюми моддаи 13, сархати сеюми қисми 3 моддаи 20, қисми 4 моддаи 21 ва қисми 2 моддаи 27 калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар қисми 1 моддаи 16, сархати дуюми қисми 4 моддаи 18 ва қисми 5 моддаи 28 калимаи «қаламрави» ба калимаи «ҳудуди» иваз карда шавад.
3. Ҷумлаи сеюми қисми 3 моддаи 28 хориҷ карда шавад.
4. Моддаи 301 бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Моддаи 301. Котиботи Шӯрои амният
1. Барои таъмини фаъолияти Шӯрои амният котиботи Шӯрои амният таъсис дода мешавад.
2. Котиботи Шӯрои амният воҳиди сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
3. Низомномаи котиботи Шӯрои амният бо пешниҳоди Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1540
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2018, № 1118
Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» - ро баррасӣ намуда қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 564
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2018 №: 156-157 Мутолиа карданд: 1207