қонунҳои ҶТ
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОДЕКСИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998 қабул шудааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1998, №9, мод.68, мод.69, №22, мод. 306; с. 1999, № 12, мод. 316; с. 2001, № 4, мод. 149, мод. 167; с. 2002, № 11, мод. 675, мод. 750; с. 2003, № 8, мод. 456, мод. 468; с. 2004, № 5, мод. 346, № 7, мод. 452, мод. 453; с. 2005, № 3, мод. 126, № 7, мод. 399, № 12, мод. 640; с. 2007, № 7, мод. 665; с. 2008, № 1, қ. 1, мод. 3, № 6, мод. 444, мод. 447, № 10, мод. 803, № 12, қ. 1, мод. 986, № 12, қ. 2, мод. 992; с. 2009, № 3, мод. 80, № 7 - 8, мод. 501; с. 2010, № 3, мод. 155, № 7, мод. 550; с. 2011, № 3, мод. 161, № 7 - 8, мод. 605; с. 2012, № 4, мод. 258, № 7, мод. 694; с. 2013, № 6, мод. 403, мод. 404, № 11, мод. 785, № 12, мод. 881; с. 2014, № 3, мод. 141, № 7, қ. 1, мод. 385, мод. 386; с. 2015, № 3, мод. 198, мод. 199, № 11, мод. 949, № 12, қ. 1, мод. 1107; с. 2016, № 3, мод. 127, № 5, мод. 355, мод. 356, № 7, мод. 608, мод. 609, № 11, мод. 874, мод. 875; с. 2017, № 1 - 2, мод. 2, мод. 3, № 7-9, мод. 586; с. 2018, № 1, мод. 4, мод. 5; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, № 1515), тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Ба қисми 2 моддаи 1793 пас аз калимаҳои «воситаҳои ахбори омма» калимаҳои «ё шабакаи интернет» илова карда шаванд.
2. Дар моддаи 319:
- дар қисми 3:
- ба диспозитсия пас аз калимаҳои «аз ҷониби» калимаҳои «гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё» илова карда шаванд;
- аз санксия калимаҳои «ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё» хориҷ карда шаванд;
- дар қисми 4:
- аз диспозитсияи банди б) калимаҳои «гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё» хориҷ карда шаванд;
- аз санксия калимаҳои «ҷарима ба андозаи аз дувоздаҳ ҳазору ҳафтсаду ҳафтоду панҷ то бисту як ҳазору нуҳсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё» хориҷ карда шаванд.
3. Аз санксияи қисми 2 моддаи 320 калимаҳои «ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё» хориҷ карда шаванд.
4. Аз санксияи моддаи 321 калимаҳои «ҷарима ба андозаи аз нуҳ ҳазору яксаду бисту панҷ то ҳаждаҳ ҳазору дусаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё» хориҷ карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 3 августи соли 2018, № 1538
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 13 июни соли 2018, № 1124
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 2 августи соли 2018, № 562
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 09.08.2018 №: 156-157 Мутолиа карданд: 1487