туризм
ХОРУҒ. МАРКАЗИ ИТТИЛООТИИ САЙЁҲӢ ТАЪСИС ЁФТ
Дар шаҳри Хоруғ маркази иттилоотии Ассотсиатсияи туризми ҷомеаасоси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуд. Шагарф Муллоабдолов, роҳбари ассотсиатсия, мазкур зикр кард, ки бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сол ба сол таваҷҷуҳ ба рушди сайёҳӣ дар кишвар афзоиш меёбад.
Соли 2018 бошад, аз ҷониби Сарвари кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид, ки ин ба пешрафти кор дар ин самт мусоидати бештар хоҳад кард. Вале муаррифии кишвар, ба хусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҷойҳои таърихиву мавзеъҳои дилписанди он ҳанӯз дар сатҳи лозимӣ ба роҳ монда нашудааст. Марказҳои иттилоотии сайёҳӣ метавонанд дар ин самт саҳми босазо гузоранд. Ҳадаф аз таъсиси маркази иттилоотии сайёҳӣ дар шаҳри Хоруғ маҳз таҳияи маводи иттилоотӣ , аз ҷумла филмҳои мустанад дар бораи мавзеъҳои тамошобоби Помир ва дар заминаи онҳо муаррифии шоистаи Бадахшон ва умуман, Тоҷикистон ба ҷаҳонгардони хориҷию дохилӣ мебошад.
Ба гуфтаи Шагарф Муллоабдолов, тамошои Бадахшон бо қуллаҳои осмонбӯс, чашмаҳои шифобахш, кӯлу пиряхҳои азим, рӯдҳои хурӯшон, урфу одатҳои то ба имрӯз маҳфуздоштаи аҷдодӣ , ёдгориҳои ҷолиби таърихию фарҳангӣ ва меҳмоннавозии бошандагонаш диққати ҷаҳонгардони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст. Аммо на ҳамаи ҷаҳониён ва ҳатто сокинони дигар минтақаҳои кишварамон дар бораи Боми ҷаҳон, мавзеъҳои сайёҳии он маълумоти муайян доранд.
Ин дар ҳолест, ки ояндаи рушди иқтисодиёти вилоят ва дар заминаи он фароҳам сохтани зиндагии шоиста барои мардум дар баробари инкишофи саноати кӯҳӣ ва энергетика ба рушди сайёҳии дохилию хориҷӣ алоқаманд аст. Имрӯз барои қабули сайёҳон дар вилоят дар доираи имконоти мавҷуда шароит фароҳам оварда шудааст ва барои ҷалби ҳар чи бештари ҷаҳонгардон ба ин ҷо, дар марҳилаи аввал, муаррифии мавзеъҳои сайёҳии минтақа аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Ба гуфтаи Ш. Муллоабдолов, ба ин мақсад чунин маркази иттилоотии ассотсиатсияи сайёҳӣ дар ноҳияи Мурғоб таъсис ёфта, дар нақша аст, ки дар ояндаи наздик чунин марказҳо дар дигар ноҳияҳои кишвар низ таъсис ёбанд.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2018 №: 159 Мутолиа карданд: 1027