мулоқотҳо
МУЛОҚОТ БО ОКТАЙ АСАДОВ
10 августи соли 2018 дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардиданд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз рушди робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон дар доираи фаъолияти Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.
Таъкид гардид, ки айни ҳол парлумонҳои ҳар ду кишвар дар арсаҳои гуногуни байналхалқӣ мавқеи худро ҳамоҳанг сохта, оид ба ҳалли масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи хеш табодули иттилоъ менамоянд.
Истифодаи таҷрибаи бойи парламентаризми Озарбойҷон барои таҳкими ҳамкорӣ ва табодули кор зарур шумурда шуд. Изҳори итминон шуд, ки робитаи минбаъдаи байнипарлумонӣ метавонад ҳамчун омили муҳими таҳкимбахши муносибатҳои ду кишвар гардад.
Ҷонибҳо истифодаи заминаи меъёрии ҳуқуқии равобити дуҷонибаро, ки аз санадҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавии сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ иборат аст, барои таъмиқи ҳамкорӣ зарур шумурданд.
Дар мулоқот, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ ёфтанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Октай Асадов даъват ба амал оварданд, ки дар вақти муносиб ба Тоҷикистон ташриф орад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 13.08.2018 №: 159 Мутолиа карданд: 1050