logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ БАЛАНДИ ТОҶИКИСТОН ВА ОЗАРБОЙҶОН

Мулоқоту музокироти сатҳи баланди Тоҷикистон ва Озарбойҷон нахуст бо вохӯрии хоссаи сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев оғоз гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барои даъват ва пазироии самимӣ изҳори сипос карда, сатҳи ҳамкории гуногунҷанбаи байни ду давлатро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон барои рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид гардид. Изҳори боварӣ карда шуд, ки мувофиқаҳои дар ҷараёни мулоқоту музокироти имрӯза бадастомада бо мазмуну муҳтавои нав шарикии давлатҳоро ба сатҳу зинаҳои боз ҳам беҳтару хубтар мерасонад.
Таъкид гардид, ки дар давоми солҳои сипаришуда дар асоси Аҳднома оид ба дӯстӣ ва ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон заминаҳои қарордодию ҳуқуқии муносибатҳои байнидавлатӣ таҳким бахшида шуда, ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо рушд меёбанд ва Тоҷикистону Озарбойҷон дар бисёр масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи ягона ва ё монанд доранд.
Барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда шуд. Таъкид гардид, ки муколамаҳои пайвастаи сиёсӣ дар сатҳи баланд ва мавҷудияти фазои боварию эътимоди байниҳамдигарӣ ба рушди бемайлони муносибатҳои байнидавлатӣ дар ҳама соҳаҳо заминаи мусоид фароҳам оварда, ягонагию ҳамсонии мавқеи ҷонибҳоро дар аксар масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ собит месозанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кишварҳои мо барои рушду таҳкими муносибатҳои байналмилалӣ ҳавасманд буда, ташаббусҳои байналмилалии ҳамдигарро пайваста ҷонибдорӣ менамоянд. Дар ҳамин замина ба ҷониби Озарбойҷон барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» изҳори сипос карда шуд.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ асоси ҳамгироии байнидавлатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон арзёбӣ шуд ва ҳавасмандии ҷонибҳо барои рушди муносибатҳо дар соҳаҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар доираи кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ таъкид гардид.
Вобаста ба ҷалби ширкатҳо ва ташкилотҳои молиявии Озарбойҷон ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои тиҷорат, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, саноат, кишоварзӣ, энергетика ва таъминоти маҳсулоти нафтӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардида, дар ин самт гузарондани ҳамоишҳои доираҳои тиҷоратӣ ва ташкили намоишгоҳҳои молу маҳсулот муҳим шумурда шуд.
 Барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ва интиқоли молу маҳсулот бо истифода аз инфрасохтори нақлиётии Озарбойҷон, тақвияти ҳамкории корхонаҳои алюминий ва ширкатҳои нафту газ, иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва роҳҳои автомобилгард, инчунин, истихроҷ ва коркарди маъданҳои кӯҳӣ пешниҳодҳои судманд ироа гардиданд.
Ба рушди ҳамкории корхонаи “ТАЛКО” - и Тоҷикистон ва ширкати «Азералюминий», ширкати давлатии нафту газии “СОКАР” - и Озарбойҷон низ мароқ зоҳир гашт. Ҳамчунин, зимни мулоқот ба хариди ашёи хоми нафтии кокс, глинозём, маводи сӯхт, сохтмони неругоҳҳои хурду миёнаи барқӣ, роҳҳои мошин, корхонаҳои истихроҷ ва коркарди неъматҳои моддии зеризаминӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон мароқ зоҳир карда шуд.
Ҷонибҳо муҳимияти рушди ҳамкориҳоро дар соҳаҳои алоқаи ҳавоӣ, хоҷагии қишлоқ, ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, сайёҳӣ, илму маориф ва фарҳанг таъкид намуда, изҳор доштанд, ки густариши муносибатҳо дар ин соҳаҳо манфиатовар хоҳанд буд.
Соҳаҳои туризм, равобити фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф, табодули донишҷӯён ва ҷудо кардани квотаҳо барои таҳсил дар донишгоҳҳои якдигар аз самтҳои ояндадори ҳамкории дуҷониба маънидод гардиданд. Изҳори итминон карда шуд, ки ҷонибҳо барои истифодаи имкониятҳои фарохи истифоданашуда тадбирҳои муҳиму мушаххас меандешанд.
Дар мулоқоту музокироти сатҳи баланд мавзӯъҳои марбут ба вазъи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, муборизаи муштарак бар зидди терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва ҷиноятҳои муташаккилу фаромарзӣ ҳамчун омилҳои таҳдидкунандаи амнияту суботи минтақа ва ҷаҳон баррасӣ гардида, омодагию ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар муборизаи беамон бар зидди хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир таъкид карда шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев даъват ба амал оварданд, ки дар фурсати барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф оваранд.
Баъди анҷоми гуфтушуниди ҳайатҳои расмӣ дар ҳузур ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев маросими имзои санадҳои ҳамкорӣ баргузор гардид.
Зимни ин маросим 12 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон қабул гардида,
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди  Пешбурди содирот ва сармоягузорӣ (AZRPROMO),
Ёддошти тафоҳум байни Корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Корпоратсияи саноатии Озарбойҷон;
Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии шакли пӯшидаи “Телевизион ва радиошунавоии Озарбойҷон”,
Ёддошти тафоҳум оид ба таҳвили кокси нафтӣ байни корхонаи воҳиди давлатии Ширкати алюминийи тоҷик “ТАЛКО” ва Ширкати нафтии давлатии Ҷумҳурии Озарбойҷон (SOCAR);
Созишнома байни Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии сарҳади Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба таҳсили низомиёни қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи Хадамоти давлатии сарҳади Ҷумҳурии Озарбойҷон; Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ,
протокол байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамасола ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ,
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Озарбойҷон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав,
Созишнома оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Озарбойҷон,
Созишнома байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи ҳамкорӣ,
Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон барои солҳои 2019-2020 ба имзо расиданд.
Дар охир сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ ороста, аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ изҳори қаноатмандӣ карданд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.08.2018    №: 159    Мутолиа карданд: 1158
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед