барқияҳо
БАРҚИЯИ ТАСАЛЛИЯТ БА ВЛАДИМИР ПУТИН
13 август Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович!
Хабари фоҷиабори ба ҳалокат расидани шаҳрвандони Федератсияи Русияро бар асари нишасти дурушти чархбол бо кӯҳнавардон дар минтақаи кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси андуҳи амиқ дарёфтем.
Комиссияи ҳукуматӣ аз ҳисоби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори Тоҷикистон барои муайян намудани сабаб ва ҳолати ҳодисаи фавқулода, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.
Муҳтарам Владимир Владимирович, тасаллияти амиқи моро қабул фармоед. Хоҳишмандам эҳсоси ҳамдардӣ ва суханони тасаллобахши тоҷикистониёнро ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон расонед».
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 14.08.2018 №: 160 Мутолиа карданд: 4261