туризм
МИНТАҚАИ КӮЛОБ. ИМКОНИЯТҲОИ РУШДИ ТУРИЗМИ ЭКОЛОГӢ ЗИЁД АСТ
Минтақаи Кӯлоб бо ноҳияҳои зебову хушманзараи Ховалинг, Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Восеъ, Кӯлоб, Муъминобод, Шамсиддини Шоҳин, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор барои рушди сайёҳии экологӣ имкониятҳои васеъ дорад. 87 дарсади ҳудуди минтақаро кӯҳҳо ишғол кардаанд. Он дар қисмати шарқии вилояти Хатлон ҷойгир буда, 8,4 дарсади масоҳати Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки туризми экологӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологӣ, шиносоӣ бо урфу одат, тарзи зиндагӣ ва таърихи халқу миллатҳо ба роҳ монда мешавад. Ба андешаи олимони соҳа экотуризм ин шиносоӣ ва сайругашт ба ҷойҳои дастнораси табиат мебошад. Одатан сайёҳии экологӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ, ҳудудҳои ҳифзшаванда, боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо ва мамнӯъгоҳҳо ташкил карда мешавад.
Минтақаи Кӯлоб метавонад яке аз маҳалҳои асосии рушди сайёҳии экологӣ дар кишвар гардад. Ин минтақа бо рӯду чашма, қӯҳҳои афсонавӣ, манзараҳои аҷиб, табиати нотакрор, инчунин, деҳу рустоҳои зебо ва мардуми меҳмоннавозаш диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд. Дар минтақаи Кӯлоб парваришгоҳҳо, мамнӯъгоҳҳо ва боғҳои табиие мавҷуданд, ки бо хусусиятҳои хосси худ аз якдигар фарқ мекунанд ва набототу ҳайвоноташ дар дигар минтақаҳо вонамехӯранд. Аз ҷумла, мамнӯъгоҳҳои “Даштиҷум” дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва “Хуталон” дар ноҳияи Данғара, парваришгоҳҳои “Чилдухтарон”, “Норак”, боғи табиии “Сарихосор” ва кӯҳи намаки “Хоҷамуъмин” дорои намудҳои сершумори набототу ҳайвонот, обҳои минералии хунук ва гарм, манзараҳои кӯҳӣ ва ҷангалӣ мебошанд. Инчунин, дар ҳудуди минтақа ёдгориҳои зиёди таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, аз лиҳози меъморӣ ва мавқеи ҷойгиршавӣ гуногунанд. Ин имкон медиҳад, ки дар баробари дидани минтақаҳои экологӣ сайёҳон аз таъриху фарҳанг, урфу одат ва тарзи зиндагии аҳолии маҳаллӣ ошноӣ пайдо намоянд.
Аз мавзеъҳои махсус ҳифзшавандаи минтақаи Кӯлоб мамнӯъгоҳи давлатии табиии «Даштиҷум» ҷолиби диққат аст. Мамнӯъгоҳ табиати зебою нотакрор, мавзеъҳои хушбоду ҳаво, рустаниву чашмаҳои шифобахш дорад. Он соли 1983 ташкил шуда, дар майдони 19,7 ҳазор гектар доман паҳн кардааст. Мақсади асосии таъсиси мамнӯъгоҳ ҳифзу нигоҳдории экосистемаҳои хосси ин минтақа ва ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бузи пармашохи «Морхӯр», ки калонтарин маҷмӯи он танҳо дар қаламрави ин мамнӯъгоҳ боқӣ мондааст, инчунин, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (Уриал), бабри барфӣ ва дигар намудҳои нодири набототу ҳайвонот мебошад.
Ноҳияи Муъминобод, хусусан парваришгоҳи “Чилдухтарон” табиати басо зебою нотакрор дошта, бо мавзеъҳои дилфиребаш касро мафтун месозад. Мавриди зикр аст, ки масоҳати ҷангалу буттазорҳои ноҳия 23 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Олами ҳайвоноту набототаш низ бою рангин буда, барои ташкили саёҳатҳои экологӣ ва шикорӣ мувофиқ мебошанд. Дар даштҳои Муъминобод янтоқ, ҷорубак, явшон, дар кӯҳу дараҳо дарахтони чормағз, тут, заранг, арча, сиёҳдарахт ва шулаш мерӯянд. Дар кӯҳҳо бабр, хирс, гург, рӯбоҳ, қашқалдоқ, ҷайра, гуроз, силовсин, бузу гӯсфанди кӯҳӣ, кабк, булбул, мурғобӣ, бедона, мор ва сангпушт мавҷуданд.
Ноҳияҳои Балҷувону Ховалинг низ бо табиати басо зебою нотакрор ва рустаниву чашмаҳои шифобахш барои инкишофи сайёҳӣ мувофиқ мебошанд. Бахусус, сайёҳии экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ метавонад дар ин ноҳияҳо рушд кунанд.
Аз мавзеъҳои ҷолиби диққати минтақа яке аз калонтарин кони намаки ошии ҷаҳон - Хоҷамуъмин мебошад, ки мисли кӯҳи азим дар ноҳияи Восеъ ҷой гирифтааст. Тибқи арзёбиҳои мутахассисон он иқтидори то 400 сол бо намаки тозаи ошӣ таъмин намудани аҳолии ҷаҳонро дорад. Мувофиқи тадқиқоти олимон захираи намаки кӯҳи Хоҷамуъмин 300 миллиард тонна буда, миқдори тавлиди он нисбат ба кони намаки Ҷумҳурии Исломии Эрон камтар аст. Дар Хоҷамуъмин зиёда аз 160 чашмаи шифобахш мавҷуд аст, ки метавонад асоси бунёди осоишгоҳу шифохонаҳо гардад. Хоҷамуъмин, инчунин, бо ғорҳои бешумораш машҳур аст, ки калонтарин ғори он 350 метр дарозӣ дорад. Бо вазидани шамол аз ин ғор мусиқиҳои гуногун садо медиҳад. Болои кӯҳ бо хок пӯшонда шуда, сабаби рӯидани дарахтону рустаниҳои гуногун ба монанди писта, нок, чанор, арча ва буттаву гиёҳҳои зиёд гардидааст.
Вале, бо вуҷуди ин дороиҳо, коршиносон иброз медоранд, ки иқтидори сайёҳии экологии минтақаи Кӯлоб пурра истифода намешавад ва то ҳол имкониятҳои рушди экотуризм ҳамаҷониба омӯхта нашудаанд. Мутахассисон барои беҳтар рушд ёфтани сайёҳии экологӣ дар минтақаи Кӯлоб ташкили харитаи мукаммали минтақаҳои экологӣ ва хатсайрҳои навро муҳим арзёбӣ мекунанд. Зеро мавқеи ҷойгиршавии минтақаҳои экологии Кӯлоб имкон фароҳам меоранд, ки сайёҳон дар як муддат аз мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо боғҳои табиӣ дидан кунанд, ки ин ҳам вақт ва ҳам маблағи онҳоро сарфа мекунад. Ташкил ва ба роҳ мондани хатсайрҳои нав ба ноҳияи Темурмалик, махсусан Ҷамоати деҳоти Кангурт хеле ҷолиб аст. Боду ҳаво, иқлими мусоид, мардуми ҳунарманду меҳмоннавози Кангурт, ки тамоми фарҳанги қадимии мардуми тоҷикро дар худ ҷой додаанд, метавонад ба яке аз марказҳои асосии сайёҳии экологӣ ва деҳоти минтақаи Кӯлоб табдил ёбад.
Омӯзиши ҳамаҷонибаи иқтидори экологии минтақаи Кӯлоб саривақтӣ буда, ба рушди иқтисодиву иҷтимоии он заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2018 №: 163 Мутолиа карданд: 1232