ҳуқуқ
ОТРЯДИ САРҲАДИИ "ПАНҶ". ДЕВОРИ ДИФОИЕ, КИ 90 – СОЛА ШУД
14 августи соли равон аз таъсиси Отряди сарҳадии «Панҷ» 90 сол пур шуд. Ба ин муносибат дар отряди мазкур бо иштироки ҳайати шахсӣ, меҳмонони дохиливу хориҷӣ ва намояндагони аҳли фарҳанг чорабинии бошукӯҳи идона баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Зубайдулло Алихонов, муовини раиси КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Руслан Мирзоев, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Андрей Корчанов, муовини аввали гурӯҳи сарҳадбонони Хадамоти бехатарии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони отряди сарҳадӣ ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Меҳмонон нахуст бо нишони эҳтиром ба шаҳидони сарҳади давлатӣ дар назди лавҳаи хотира гулчамбар гузошта, сипас, дар фазои тантанавӣ парда аз рӯи рамзи 90 - солагии Отряди сарҳадии «Панҷ» бардоштанд.
Раҷабалӣ Раҳмоналӣ тамоми афсарону сарбозон ва собиқадоронро ба ин муносибат шодбош гуфта, изҳор дошт, ки ин аввалин отряди сарҳадие мебошад, ки 90 сол қабл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла сарҳадчиёни давлатӣ дар кишвар суст гардида буд, кишварҳои ба мо дӯсту бародар - Федератсия Русия ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои ҳимояи марзи давлатӣ кумакҳои зиёд кардаанд, ки мо ҳеҷ гоҳ онро фаромӯш намекунем. Имрӯз бошад, бо итминон гуфта метавонем, ки сарҳадбонони мо қодиранд сарҳади давлатии ҷумҳуриро мустақилона муҳофизат намоянд то мардум дар фазои осоишта зиндагӣ кунад.
Руслан Мирзоев, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, зимни суханронии худ, аз ҷумла чунин изҳор дошт: «Ман бо ифтихор мегӯям, ки бори аввал хизмати ҳарбиро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кардаам. Отряди сарҳадии «Панҷ» низ барои ман бегона нест. Ин ҷо мо дар чанд амалиёт ширкат кардаем. Дӯстони зиёд низ дорам. Дар ин отряд аз аввал барои сарҳадчиён дар баробари омӯзондани маҳорати ҷангӣ, дӯст доштани Ватан ва ҳимояи онро меомӯхтанд. Натиҷаи тамоми корҳои анҷомёфта буд, ки имрӯз аввалин маротиба дар таърихи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзиши якҷояи амалиёти «Ҷайҳун - 2018» дар минтақаи пайвастшавии хати се сарҳад гузаронда шуд. Мақсад аз он пешгирӣ аз ҳамлаи мусаллаҳонаи душманон мебошад. Мо дар паҳлуи ҳам истода ин амалиётро гузарондем, то душманон донанд, ки назорат дар сарҳади давлатии ин ду кишвари бо ҳам дӯст пурзӯр аст ва ҳеҷ нохалафе наметавонад марзро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳаёти осоиштаи мардум таҳдид кунад».
Дар охир аз ҷониби фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Хадамоти бехатарии Ҷумҳурии Ӯзбекистон туҳфаи хотиравӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба собиқадорон ва афсароне, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шудаанд, медалу нишони сарисинагӣ супурда шуд.
Ҳунармандони ансамбли «Марзбон» - и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ бо сурудҳои рӯҳновози худ ва ҳаҷвнигорони маъруфи кишвар хотири меҳмонону ҳозиринро болида карданд.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 17.08.2018 №: 163 Мутолиа карданд: 1047