logo

президент

Доир ба вазъи системаҳои ирригатсионӣ машварат барпо шуд

13 ноябр  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон ва барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат нахуст ҳисоботи директори Маркази идораи лоиҳаҳо Рустам Баротов шунида шуд.

Дар ҳисобот аз ҷумла зикр гардид, ки лоиҳаи якум дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Фархор ва лоиҳаи дуюм дар ноҳияҳои Ашт, Ваҳдат, Панҷ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва Рӯшон амалӣ мешаванд.
Маблағи умумии ду лоиҳа наздики 58 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Аз оғози татбиқи лоиҳаҳо то имрӯз яке дар ҳаҷми беш аз 50% ва дувумӣ 79% амалӣ гаштааст.
Қафомонӣ дар нақшаи азхудкунии маблағҳо ба назар намерасад ва татбиқи пурраи лоиҳаи якум то охири соли 2013 ва дуюмаш то моҳи декабри соли 2010 бояд ба поён расонда шавад.
Дар чаҳорчӯби ин лоиҳаҳо тарзи идора ва низоми ҳуқуқии соҳа таҷдид ёфта, инфраструктура ва чораҳои бартарафсозии хавфи обхезӣ бояд такмил дода шаванд. Самти асосии дигари лоиҳаҳо ин барқарорсозии системаҳои ирригатсионӣ ва заҳбурҳо ва корҳои сохтмону васлгарӣ дар соҳили дарёҳо мебошад.
Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон оид ба истифодаи мақсаднок ва сарфакоронаи маблағҳо, хариди маводу масолеҳи хушсифат ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмону васлгарӣ супоришҳои мушаххас дод.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои дахлдорро ҳамчунин вазифадор намуд, ки вазъи соҳилҳои дарёҳои Сурхобу Ёхсуро дар ноҳияҳои Кӯлобу Восеъ ва Кофарниҳону Душанберо низ мавриди омӯзиш қарор дода, баҳри ташкили корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии зиёди маҷрои ин дарёҳо лоиҳаҳои нави грантӣ омода созанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 3780
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед