номаҳо
«МУНОСИБАТ БО ГАРМХОНАҲО БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД»
Мақолаи рӯзноманигор Ҷовиди Аштӣ «Муносибат бо гармхонаҳо беҳбудӣ мехоҳад», ки 15 январи соли равон, № 11 дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба нашр расидааст, зимни ҷаласаи васеи кормандони сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Зикр гардид, ки барои афзун намудани маҳсулоти тару тозаи ватанӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо он дар вилоят пайваста тадбирҳо роҳандозӣ мегарданд. Аз ҷумла, дар ин самт технологияву таҷҳизоти пешрафтаи ҷаҳонӣ, гармхонаҳои замонавӣ ва гидропоника истифода мешаванд.
Ҳамчунин, бо назардошти болоравии нархи помидор ва бодиринг дар бозорҳои кишвар дар мавсими кишти имсола масоҳати кишти сабзавоти номбурда дар гармхонаҳои вилоят зиёд карда шуд. Дар 10,7 гектар помидор ва 7,74 гектар бодиринг кишт шуда, дар 8,11 гектар парвариши лимӯ роҳандозӣ гардид.
Бо мақсади танзими нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозор давоми нимсолаи аввали соли равон аз гармхонаҳо 661 тонна маҳсулот, аз ҷумла 380 тонна помидор, 152 тонна бодиринг, 133 тонна лимӯ ва 129 тонна маҳсулоти дигари кишоварзӣ ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят бароварда шуд.
Ҷиҳати истифодаи самараноки гармхонаҳо бо истифода аз технологияҳои пешрафта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва бештар таъмин намудани аҳолӣ бо он тайи давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 баланд бардоштани савияи дониши соҳавии соҳибкорони бахши кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин ҷода аз аввали сол то инҷониб бо иштироки соҳибкорони пуртаҷрибаи сатҳи ҷаҳонӣ ва мутахассисон барои хоҷагидорони вилоят чанд семинар ва ҷамъомади омӯзишӣ баргузор гардид.
Сарраёсати кишоварзии вилоят баҳри иҷрои саривақтии супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушди устувори соҳа, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ва таъмини амнияти ғизоии кишвар минбаъд низ чораҳои заруриро амалӣ менамояд.
Х. БОБОЗОДА,
сардори сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 20.08.2018 №: 164 -165 Мутолиа карданд: 1115