номаҳо
САДОҚАТ. МАРДУМ ОНРО ҚАДР МЕКУНАД
Мо, сокинони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, аз муносибату муомилаи нек, қабулу гусел ва хизматрасонии мушфиқонаи табибону ҳамшираҳои шафқати Муассисаи давлатии «Маркази саломатии шаҳрии № 2» сипосгузору миннатдорем.
Дар ин маркази саломатӣ 110 табиби маълумоти олидор ба зиёда аз 80 ҳазор сокинони кӯчаҳои Н. Ҳувайдуллоев, Маяковский, Ломоносов, Сино, Меҳнатобод ва Чортеппа дилсӯзона хизмати тиббӣ мерасонанд. Вақтҳои охир хизматрасонии духтурони оилавӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда шудааст. Барои дардманд ва онҳое, ки ба маслиҳати табиб ё табобат ниёз доранд, телефони боварии табибони оилавӣ ва навбатдори маркази саломатии мазкур ҳамеша фаъол мебошад.
Бо сарварию ҳидояти мақ-садноку самарабахши роҳбарияти маркази саломатӣ ходимони он дар ҳифзи саломатии мо масъулияти баланд доранд.
Бо арзи эҳтирому самимият,
Қ. Забирова, М. Алиева,
К. Давлатов ва дигарон,
ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.08.2018 №: 166 Мутолиа карданд: 1105