logo

туризм

САЙЁҲӢ – ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР

ТАШАББУСИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ
Дар ҷаҳони муосир соҳаи сайёҳӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишварҳо яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, аз ҳисоби инкишофи он кишварҳои олам буҷети худро ғанӣ мегардонанд ва ба ин васила барои рушди дигар соҳаҳояшон имконият фароҳам меоранд. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари соҳибистиқлол гардидан худро ҳамчун кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ эълон намуда, бо роҳандозии сиёсати “дарҳои боз” ва ташаккули муносибатҳои хуби дипломатӣ бо кишварҳои олам, узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ҳамгироӣ бо бозори сайёҳии ҷаҳон заминаи воқеӣ фароҳам овард.

Дар ин радиф, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба захираҳои сайёҳии мамлакат зиёд гардида, симои он ҳамчун кишвари осоишта ва дорои захираҳои бойи сайёҳӣ боз ҳам устувор гашт. Бахусус, соли 2018, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон ва Тоҷикистон ба маҷрои нави созандагиву ободонию пешрафти комил дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, хосса, дар соҳаи сайёҳӣ ворид шуд.
БАҲОИ БАЛАНДИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ БА ТОҶИКИСТОН
Дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат соҳаи сайёҳии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи худро тадриҷан беҳтару мустаҳкам намуда истодааст. Дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эълон шудани Тоҷикистон, дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ ҷой додани Тоҷикистон, ба 10 роҳи зеботарини дунё шомил намудани шоҳроҳи Помир, чун даҳгонаи мавзеъҳои бехатар аз рӯи таъмини амнияти шабона эътироф шудани пойтахти кишвари мо шаҳри Душанбе, ба даҳгонаи кишварҳои беҳтарин аз рӯи сайёҳии пиёдагардӣ ва саргузаштӣ шомил шудани Тоҷикистон ва ба панҷгонаи беҳтарин аз рӯи низоми содаи пешниҳоди раводид ворид шудани ҷумҳурӣ шаҳодати гуфтаҳои болост.
ЗАМИНАИ ҲУҚУҚӢ
Аз замони ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ин дам дар кишвар маҷмӯи санадҳо ва меъёрҳои гуногуни ҳуқуқӣ, аз ҷумла  қабул ва татбиқи Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009-2019, “Барномаи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2018-2020”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ” дар таҳрири нав ва як қатор санадҳои зерқонунӣ, таҳияи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ” ва “Стратегияи давлатии рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи солҳои 2030” қабул карда шудаанд ва имкон медиҳанд, то кӯчактарин масоили марбути соҳаи сайёҳӣ роҳи ҳалли худро пайдо намояд ва дар маҷмӯъ ин соҳаи сердаромад дар Тоҷикистон рушд кунад.
МУАРРИФИИ ИҚТИДОРИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дар рушди соҳаи сайёҳӣ қадамҳои нахустин ва устувори худро мегузорад ва дар ин ҷараён омӯхтани таҷрибаи ҷаҳонӣ ва тарғибу ташвиқи захираҳои сайёҳии мамлакат басо муҳим аст. Аз ин лиҳоз, портал ё сомонаи миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода ва дар шабакаи интернет роҳандозӣ карда шуда, айни ҳол тарҷумаи он ба забонҳои дигари хориҷӣ идома дорад.
Сомонаи миллии сайёҳӣ тавассути Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба  158 давлат ва 508 ташкилоту муассисаҳои узви вобастаи он муаррифӣ карда шуда, ба ин васила бори нахуст соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ ё низоми байналмилалии сайёҳӣ пайваст гардид. Ҷиҳати мунтазам расондани маълумоти саҳеҳу дуруст ба сайёҳон, нахустин Маркази иттилоотии сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе бо истифодаи технологияҳои муосири коммуникатсионӣ, маводҳои чопии тарғиботӣ, гӯшаи туҳфаҳои армуғонӣ ба сайёҳон ва навору лавҳаҳои зебои сайёҳӣ таъсис дода шуд.
ҲАДАФҲОИ БУЗУРГ
Мувофиқи таҳлилҳо амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ ва нақшаи чорабиниҳо имкон медиҳад, ки саҳми соҳаи сайёҳӣ дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар то соли 2020 ба 5 дарсад ва саҳми ғайримустақими он барои рушди соҳаҳои дигари иқтисодиёт бошад, то 15 дарсад расонда шавад. Бо боварӣ метавон гуфт, ки дар сурати амалӣ гаштани нақшаҳову ҳадафҳои Консепсияи миллии рушди туризм барои солҳои 2009 - 2019, ки ҳамаи паҳлуҳои соҳаи сайёҳиро фарогир аст, дастуру супориш ва ҳидоятҳои дар Паёми Сарвари давлат зикргардида қабули 1 миллион сайёҳони хориҷӣ то соли 2019 имконпазир хоҳад шуд.
Моҳлиқои ИСРОИЛ, мудири бахши котиботи
Кумитаи рушди сайёҳии назди
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

 

 

 


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.08.2018    №: 166    Мутолиа карданд: 1205
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед