logo

маориф

СУҒД. МАОРИФ ДАР МАДДИ АВВАЛ

Соли нави таҳсилро 3 ҳазору 364 хонандаи вилояти Суғд дар синфхонаҳои нави замонавии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ  истиқбол мегиранд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Овчӣ - қалачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳаи Навгилеми шаҳри Исфара ва шаҳраки Ваҳдати шаҳри Истаравшан мактабҳои наву замонавӣ дарҳои худро боз мекунанд. Умуман, то охири соли равон дар вилояти Суғд, дар маҷмӯъ, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 43 иншооти соҳаи маориф бо фарогирии 6 ҳазору 633 ҷойи нишаст мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Ин нишондиҳандаи баландтарин дар солҳои охир маҳсуб меёбад.
Бино ба гуфтаи Осим Каримзода, сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мутобиқи барномаҳои давлатӣ сохтмони бинои нави муассисаҳои таълимӣ ба ҷойи биноҳои садамавӣ, ба анҷом расондани корҳо дар муассисаҳои сохтмонашон нотамом, бо суръат ва сифати баланд идома доранд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли ҷорӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан муассисаҳои таълимии №№ 64 ва 65 барои 640 хонанда, дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии № 13 барои 240 хонанда ва мактаб - интернат барои 50 хонанда ва дар маркази вилоят - шаҳри Хуҷанд кӯдакистони № 28 барои 320 кӯдак ва кӯдакистони хусусӣ дар маҳаллаи 18 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят соли таҳсили 2018 - 2019 бунёди 12 муассисаи таълимии томактабӣ ва сохтмони 6 бинои муассисаҳои таълимиву синфхонаҳои иловагӣ пешбинӣ шудаанд.
Хушбахтона, имрӯз иқдомҳои наҷибе дар мавриди бунёди муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби волидон ба мушоҳида мерасанд. Соли ҷорӣ аз ҷониби соҳибкорон ва кумитаи падару модарон бунёди синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №№ 16, 63, 73, 90, 94 ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимии №№ 18, 23, 35, 40 – и шаҳри Панҷакент, 6 синфхонаи иловагии дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 дар Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара, дар маҷмӯъ 43 иншооти таълимӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ идома доранд. Мутобиқи барномаи дар сатҳи вилоят таҳияшуда солҳои наздик боз дар шаҳру навоҳии шимоли мамлакат бинои 46 муассисаи таълимии садамавӣ ва 228 мактаб, 406 синфхона азнавсозию таъмир хоҳанд шуд.
Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 - 2020” дар давоми 7 сол дар вилоят таъсиси 280 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 135 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ғайридавлатӣ пешбинӣ гардидаанд. Дар муҳлати амали барномаи мазкур дар вилоят 35 муассисаи таълимии томактабӣ ва 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ташкил гардида, дар умум 46 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ ва 25 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ фаъолият намуда истодаанд. Нисбат ба соли гузашта шумораи муассисаҳои томактабӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 9 адад афзудааст. Марказҳои инкишофи кӯдакони синни томактабии шаҳру ноҳияҳо  аз 742 гурӯҳ иборат буда, дар онҳо 15 ҳазору 695 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 15,1 дарсад ва якҷоя бо Маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ 20,2 дарсадро ташкил медиҳад. Вале, ин нишондиҳанда ҳадди ниҳоӣ нест ва оянда корҳо дар ин самт идома меёбанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

 

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.08.2018    №: 167    Мутолиа карданд: 985
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед