мулоқотҳо
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ГУРБОНГУЛӢ БЕРДИМУҲАММАДОВ
24 августи соли 2018 дар шаҳри Туркменбошии Туркманистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал бо Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар доираи Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал, такмили кори сохтори ташкилӣ, асосҳои шартномавию ҳуқуқии хазина баррасӣ шуда, таҳкими ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявӣ ва донорҳо, ба хотири ҳалли мушкилоти минтақавӣ зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо аз раванди муколамаи доимии сатҳи олӣ ва вазъи муносибатҳои ду кишвар, ки ба таври назаррас рушд меёбад, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, бахши кишоварзию саноат, тиҷоратию иқтисодӣ, алоқаи ҳавоӣ, рушди равобити илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҳамчун самтҳои афзалиятноки муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.
Дар охир изҳори итминон намуданд, ки ҳамкории дуҷонибаи бар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ асосёфта дар оянда низ ба манфиати мардумон рушд меёбад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.08.2018 №: 168 Мутолиа карданд: 1065