туризм
ТОҶИКИСТОН. ҶАҲОНИ НАВ БАРОИ САЙЁҲОН
Ниёгони мо сайру саёҳатро василаи рушди тиҷорат, илму фарҳанг, зиёрату гирифтани дарси ибрат медонистанд. Асарҳои онҳо дар ин маврид хонандаро ба муъҷизаҳои табиат, кӯҳу дарё ва аҷоиботи олам ошно намудаанду менамоянд.
Дар замони нав маҳз бо ибтикору талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар табдил ёфт. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки «Кишвари мо барои ташкили муассисаҳои истироҳатию тандурустӣ, сохтмони иншооти курортию санаторӣ, базаҳои сайёҳӣ, лагерҳои тандурустӣ имкониятҳои калон дорад. Самаранок истифода бурдану инкишоф додани онҳо вазифаи умумидавлатӣ ва махсусан, соҳибкорон буда, бо ин роҳ кафолати ҳуқуқи истироҳатро боз ҳам ривоҷ додан мумкин аст. Бо назардошти мавҷудияти ёдгориҳои гуногуни таърихию фарҳангӣ, манобеи нодири табиӣ, имкониятҳои васеи рушди сайёҳию кӯҳнавардӣ ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро барои ҳифз ва рушди ин соҳаҳо афзун намудан зарур аст. Барои дар амал татбиқ гаштани ин ҳадаф рушди ширкатҳои сайёҳӣ муҳим мебошад».
Бешубҳа, Тоҷикистони офтобӣ яке аз кишварҳои дорои манбаъҳои бебаҳои олами наботот ва ҳайвонот мебошад. Инчунин, он макони обҳои мусаффо ва чашмаю рӯдҳои зулол аст, ки ҳамасола аз он ҳазорон нафар сайёҳон дидан мекунанд. Ин суханони Пешвои миллат бояд чун дастуру раҳнамо барои мо бошад: «Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасонии истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад».
Бесабаб нест, ки дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин гардида истодааст. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони беш аз 90 кишвари ҷаҳон низоми содакардашудаи раводид ҷорӣ шудааст. Аз ин рӯ, теъдоди сайёҳон дар се соли охир афзудааст.
Президенти мамлакат, ҳамзамон, роҷеъ ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ дар кишвар дахл намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Ҳоло дар дунё бисёр кишварҳое мисли Олмону Куриё, Швейтсария ва Амрико ҳастанд, ки аз ҳисоби рушди сайёҳӣ миллиёнҳо доллар фоида мебинанд. Дар ин самт Тоҷикистон низ, ки дар қаламрави он калонтарин мамнӯъгоҳ ва парваришгоҳҳо чун «Бешаи палангон», «Ромит», «Искандаркӯл», «Сари Хосор» «Зоркӯл», Зарафшон, Даштиҷум, Дараи Камароб ҷойгир мебошанд, метавонад ба маъвои писандидаи дӯстдорони табиат ва сайёҳӣ табдил ёбад. Танҳо соли гузашта зиёда аз 359 ҳазор нафар аз 113 мамлакати дунё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намудаанд. Ва тибқи пешбинӣ бояд то соли 2020 аз Тоҷикистон беш аз як миллион нафар сайёҳони хориҷӣ дидан намоянд. Қобили зикр аст, ки маҳз бо иқдоми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурии мо ба сайёҳии дохилӣ низ диққати махсус дода мешавад. Зеро маҳз рушди сайёҳии дохилӣ метавонад боиси эҳёи инфрасохторҳои нави хизматрасонӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ гардад. Ҳанӯз моҳи июли соли 2017 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳии дохилӣ» қабул гардид, ки ҳадафи он рушди туризми экологӣ ва иқтисодӣ, ҷалби сайёҳон мебошад. Маҳз бо ҳидояту дастури Сарвари давлат имсол дар яке аз мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Данғара парваришгоҳи «Хуталон» таъсис ёфт. Ин парваришгоҳ бо гуногунии биологӣ, иқлими муътадил ва муъҷизаҳои нотакрори табиӣ диққати ҳар як сайёҳ ва дӯстдори табиатро ба худ ҷалб месозад.
Парваришгоҳ дар 6 ҳазор гектар доман паҳн намуда, барои парваришу зиёд намудани саршумори ҳайвоноти нодир, аз ҷумла оҳуи холдор, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ ва парандагон, аз ҷумла тазарв махсус гардонда шудааст. Ин ҷонварон хеле нодир буда, ба «Китоби сурх» шомил шудаанд. Оҳуи холдор, ки дар парваришгоҳи «Хуталон» шумораи он аллакай зиёд шудааст, бисёр ҳайвони зебои афсонавӣ мебошад. Бадани пурнақшу нигори он аз қадимулайём шоҳону шикорчиёнро ба худ ҷалб намудааст ва онро чун ҷонвари бахосият ва афсонавӣ медонистанд. Ҳоло дар парваришгоҳи «Хуталон» - и ноҳияи Данғара беш аз 500 сар оҳуи холдор мавҷуд аст, ки онҳо гала - гала дар табиати озод сайру гашт менамоянд. Ба хотири афзоиши минбаъдаи оҳуи холдор ва тоза кардани насли он чанде қабл аз Федератсияи Русия 70 сар оҳуи холдорро ба парваришгоҳ ворид намуданд, ки аллакай ба иқлими ин мавзеъ мутобиқ шудаанд.
Шумораи мурғи афсонавӣ - тазарв низ дар парваришгоҳ меафзояд. Бешубҳа, кас аз тамошои манзараҳои дилфиреби ин парваришгоҳ ҳеҷ сер намешавад. Мавриди зикр аст, ки танҳо дар як вилояти Хатлон мавҷудияти чунин мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихӣ, аз қабили боғи табиии Сари Хосор, мавзеи Балҷувон, Чилчанори Ховалинг, мамнӯъгоҳи Даштиҷум, Чилдухтарон, Чилучорчашма, гувоҳ бар онанд, ки барои рушди сайёҳӣ дар кишвар омилҳои зиёде мавҷуд мебошад. Дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Балҷувон барои солҳои 2017 - 2020 муҳайё кардани замина барои рушди сайёҳӣ тавассути бунёди инфрасохтори муосир пешбинӣ гардидааст. Агар роҳи мошингарди Балҷувон - Сари Хосор пурра таъмиру обод гардад, он гоҳ дар ин минтақа шумораи сайёҳони хориҷӣ меафзояд. Зеро бисёр сайёҳони хориҷиву дохилӣ мехоҳанд ба ин мавзеъ сафар карда, аз муъҷизаи табиат, аз ҷумла Шаршараи Сари Хосор дидан намоянд. Ин шаршараи 50 - метра барҳақ муъҷизаи нодиру афсонавӣ мебошад. Дар ин ҷо об аз баландӣ шорида, сар ба сангҳо зада шаффофу нушдорӯ мегардад. Атрофаш сарсабзу гулпӯш буда, буттаҳои кӯҳӣ ва рустаниҳои шифобахшаш ба кас ҳаловат мебахшанд. Зиёда аз 50 номгӯи рустаниҳои доруии Сари Хосор, нашъунамои зиёда аз 400 номгӯи дарахтони нодир ва даҳҳо чашмаю рӯдҳо, кӯҳҳои сарбарфалаккашида дар худ афсонаву ривоятҳои зиёдеро ҷой намудаанд. Ҳар сайёҳе, ки ба ин ҷо қадам ранҷа менамояд, шайдои ин мулки дилпазир мегардад. Агар обу хоки муъҷизаноки Сари Хосор аз рангомезиҳои табиат қисса кунад, Чилчанори Ховалинг аз чил осору файзи сухан ва фусункориҳои чанорҳои куҳан ҳикоят дорад.
Дар тобистон бо як сайёҳи амрикоӣ, ки аз Сари Хосор бармегашт, вохӯрдам. Ман ба чеҳраи офтобхӯрдаи меҳмони хориҷӣ нигоҳ кардаму ба шигифт омадам. Охир, вай дучархасавор ин қадар роҳро тай намудааст. Дар дасташ зарфи об дошт ва маънидорона нигоҳе карда гуфт:
- Оби Шаршараи Сари Хосор. Нӯшед, дар гармӣ роҳати ҷон аст.
Боз ҳайратам афзуд. Беҳуда намегӯянд, ки «ҷаҳондида бошу ҷаҳонхӯрда не».
Ӯ бо забони тоҷикӣ ҳарф мезаду шукри обу хоки Тоҷикистон менамуд.
Маҷид САЛИМ, адиб
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 27.08.2018 №: 169 Мутолиа карданд: 1162