ҳуқуқ
МАРЗ. ҶИНОЯТКОРОН ҶУСТУҶӮ МЕШАВАНД
Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз ҷониби як гурӯҳ силоҳбадасти номаълум изҳороти расмӣ пахш намуд.
Бино ба иттилои манбаъ, убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ 26 августи соли ҷорӣ дар минтақаи муҳофизатии Отряди сарҳадии “Ҳамадонӣ”, воқеъ дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон, ки марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро мепайвандад, рух додааст. Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки “гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон, иборат аз 10 - 12 нафар ба масофаи 50 - 100 метр аз соҳили дарёи Панҷ сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд”.
Силоҳбадастон баъд аз ғайриқонунӣ ворид шудан ба хоки Тоҷикистон ба як нақлиёти хизматии тамғаи “Нива”, бо истифода аз яроқи оташфишон ҳамла мекунанд. Дар натиҷа ду шаҳрванд - Ҳамрохон Саидов, корманди хоҷагии ҷангал ва Давлат Сангинов, корманди хоҷагии зотпарварии “Ҳисор”, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд.
Дар робита ба ин ҳодиса “Бонги хатар” эълон шуда, айни замон барои пайдо ва маҳв кардани гурӯҳи силоҳбадасти номаълуми афғон корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ идома доранд.
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2018 №: 170 Мутолиа карданд: 1000