туризм
ДУШАНБЕ - ШАҲРИ САЙЁҲӢ
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе, қарор дар бораи «Барномаи рушди сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2018 - 2020» - ро ба тасвиб расонд. Барномаи мазкур бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018 «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 - 2020» ва фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар шаҳри Душанбе қабул гардидааст.
Тибқи иттилои раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳр, дар асоси қарори мазкур сарраёсати молияи шаҳри Душанбе вазифадор гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои вазифаҳои пойтахт пешбинишуда ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур дар соли равон 67000 сомонӣ ҷудо намояд. Шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе масъули татбиқи барнома мебошад.
Ҳоло Душанбе бо биноҳои хуштарҳу замонавии хосси миллӣ, кӯчаҳои ҳамвор, хиёбонҳои сабзу хуррам, фазои орому осоишта, марказҳои гуногуни хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳои сатҳи олӣ ба макони дӯстдошта ва писандидаи сайёҳони дохиливу хориҷӣ мубаддал гардидааст. Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди пойтахт, ба истифода додани истгоҳҳои замонавӣ дар хиёбонҳои марказӣ, сохтмони чорроҳаҳои сесатҳа ва дигар корҳои созандагиву бунёдкорӣ, ки ба шарофати истиқлолияту ваҳдати миллӣ имконпазир гаштанд, барои пешрафти бахши сайёҳӣ мусоидат намудаанд. Ҳамчунин, феълан тамоми муассисаҳои фарҳангию фароғатии шаҳри Душанбе - китобхонаву осорхона ва боғҳо ба хатсайрҳои сайёҳӣ ворид карда шудаанд.
Чанде пеш Душанбе - пойтахти кишвар ба қатори даҳгонаи шаҳрҳои дар айёми баҳор барои сайёҳӣ муносиб дар байни шаҳрҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомил гардид.
Хотиррасон менамоем, ки соли 2018 дар Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудааст. Сарпарастии соҳаи мазкурро Рустами Эмомалӣ бар уҳда дорад.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 28.08.2018 №: 170 Мутолиа карданд: 1043