туризм
ШИНОС ШАВЕД: ИН ҶО ТОҶИКИСТОН!
Сарзамини аҷдодии мо тайи ҳазорсолаҳо мавриди таваҷҷуҳи хосса қарор гирифта буд. Кӯҳҳои осмонбӯс, чашмасору марғзорҳои серғизои онро ҳанӯз дар саҳифаҳои "Авасто" васф намуда буданд. Мардуми пурғайрат ва фарҳангдӯсти ин кишвар дар олам аввалин шуда бо сурудҳои муқаддас - "Гот"- ҳо зебоии ҳаёт, орзуҳои ширинро тараннум мекарданд.
Борбади Марвазӣ дар васфи шоҳони адолатпарвар тарона месуруд, Рӯдакии бузург аз асрори қазову қадар бо сухани мавзун ҳикояҳо мекард. Аввалин ва бузургтарин тафсирҳои китоби муқаддас - "Қуръони маҷид" - ро маҳз аҷдодони мо таҳия намуданд. Ҳамин тавр, ҳазорсолаҳо инҷониб дар бари кӯҳҳои бузург аҷдодони ҳунарманди мо тамаддун эҷод мекарданд. Шинос шавед, ин ҷо Тоҷикистон аст! Имрӯз дар саҳнаи театрҳои мо операҳои Верди ва Чайковский иҷро карда мешаванд, қаҳрамонони Шекспир ва Софокл рӯи саҳна ба тоҷикӣ сухан мегӯянд.
Тоҷикистон, воқеан, соҳиби бузургтарин захираҳои оби тоза дар ҷаҳон ба шумор меравад, вале оё шумо медонед, ки ҳанӯз дар асри дувуми милод дар соҳили Ҷайҳун аҷдодони мо ба фариштаи об - Силен Марсий ҳайкал гузошта буданд ва ҳоло он дар Осорхонаи миллии пойтахт маҳфуз аст. Биёед, шинос шавед, дар ҳамин осорхона бузургтарин дар ҷаҳон муҷассамаи Буддо низ шуморо интизор аст!
Шояд яке аз аввалинҳо шуда сайёҳи машҳур Чжан - Тсян (а.2-3 то милод) тайи зиёда аз даҳ сол ба водии Фарғона, Бадахшон, Самарқанду Ҳисор сафарҳо анҷом ва ҷуғрофияи ин мавзеъҳоро тартиб дод. Чанде нагузашта муаррихи юнонӣ Квинт Куртсий (а.1 м.) дар "Таърихи Искандари Мақдунӣ" аз шуҳрати Самарқанди бостонӣ, қаҳрамониҳои Спитамен ва қиссаи ҷоннисории Деваштич оламиёнро огоҳ намуда буд.
Аҷдодони мо - суғдиёни қадим соҳиби таҷрибаи хеле бузурги заминдорӣ ва обёрӣ будаанд. Г.Е. Грум-Гржимайло - аввалин кашшофи Помир ва Қаротегину Балҷувон, аснои сафарҳояш дар Турфони Чин осори обёрӣ, шаҳрсозӣ ва заминсозии суғдиёнро ошкор кард. Ин осори ҳамон суғдиёне буд, ки дар ҷаҳон зеботарин мусаввараи рӯидевории хонуми чангнавозро офарида буданд. Ин мусаввараи олиҳаи бодомчашм шуморо дар Осорхонаи бостоншиносӣ пешвоз мегирад.
Дар асрҳои миёна табиат ва ҷуғрофияи сарзамини қадими тоҷиконро сайёҳони араб Абулҳасан Мақсудӣ (а.10), Абуисҳоқ Истахрӣ (а.10), Ёқут ибни Абдуллоҳ (а.12) кашф карданд. Дар ҳамин сарзамин бузургтарин намояндагони илму адаб - Форобиву Сино тамоми осори юнониёни қадимро азбар намуданд ва минбаъд китобҳои онҳо рӯи мизи аврупоиён қарор гирифтанд.
Дар нимаи дувуми асри 19 таваҷҷуҳи олимон ва сайёҳони хориҷӣ ба сарзамини Кӯҳистон (водиҳои Зарафшону Хатлон ва Бадахшон) ба якборагӣ меафзояд. Ҷаҳони мутамаддин батадриҷ ба шинохти ин сарзамини хокаш зарафшон ва мардумаш сарбаланд мепардозад. Олимони бузурги рус П.Семёнов - Тян - Шанский, А.Федченко, И.Мушкетов ва даҳҳо дигар мутахассисони варзидаи олам савори асбу шутур, бо ҳазор заҳмату душвориҳо азми сафарҳои дурударози илмӣ ва мардумшиносӣ намуданд. Беҳуда нест, ки бузургтарин пиряхи рӯи олам, ки дар Тоҷикистон, воқеъ мебошад, ба номи А. Федченко гузошта шудааст. М.Андреев қаламу дафтар ба даст солҳои дароз дар деҳоти Дарвозу Қаротегин зисту зиндагонӣ намуд ва асари бузурги худ "Тоҷикони водии Хуф" - ро офарид. Вале, азбаски дар маркази тамаддуни мо сухан ва ҳикмат қарор гирифта буд, устод Айнӣ шиносномаи миллати тоҷикро аз авроқи назми классикӣ пайдо кард.
Ҳамин буд, ки аҳли олам як андоза аз замину кӯҳсор ва аз хислату қудрати тоҷикон огаҳӣ пайдо намуданд. Садҳо адад дастнависҳои олимони ин сарзамин дар як муддати кӯтоҳ дастраси илми ҷаҳонӣ гардид ва бо ҳамин марҳилаи нави шинохти тоҷикон оғоз мешавад. То рӯзе расиду Б. Ғафуров китоби бузурги "Тоҷикон"-ро навишт ва барои аз по бархестани ин миллати фарҳангсозу тамаддунофар боиси илҳом гардид. Дар ин давра ҷаҳониён доир ба боигариҳои зеризаминӣ ва суннати заҳматкашиҳои тоҷикон маълумоти комил пайдо карданд. Аз ҳар ҷониб - ҷанубу шимол кӯшишҳои аз худ намудани ин сарзамин ба вуқӯъ пайвастанд. Тоҷикистон ҳатто дар асри бистуми давраи шӯравӣ аз чаҳор ҷониб дар бунбаст қарор дошт, ба беруни кишвар ва ҳатто дар дохили сарзамин роҳҳо вуҷуд надоштанд.
Танҳо ба шарофати замони истиқлолият қомати мардуми мо аз нав баланд гардид, халқи тоҷик соҳиби воқеии замину боигариҳои хеш шуд.
Дар асри нав бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ба кишварҳои ҳамҷавор роҳҳо бунёд гардиданд ва баъди ҳазорсолаҳо замини тоҷикон аз бунбаст раҳоӣ ёфт.
Пазируфта шудани мусиқии Шашмақом ва Ҷашни Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ҳикмати бузург дорад, зеро як замон - ҳазорсолаҳо қабл аз даврони мо шояд Ҷашни Наврӯз - рӯзи нави зиндагии табиатро мардумони зиёди олам таҷлил мекарданд, вале, маҳз дар ниҳоди тамаддуни тоҷикон ин ҷашн асолати худро бо суруду суннатҳои зебояш ҳифз намуд ва он имрӯз ба аҳли башар ҳадия гардид.
Ин аст бузургтарин хислати тамаддуни мо ва нозуктарин ҷанбаи ҳувияти миллати тоҷик. Кунун ҷаҳониён моро бояд аз нав шиносанд, зеро тайи ҳазорсолаҳо аҷдодонамон ба пайкари бузурги фарҳанги башар ҳамеша ҳиссагузор буданд ва имрӯз низ қодиранд саҳми хешро барои бунёди тамаддуни асри нав гузоранд.
Ҳоло садҳо намунаҳои илму адаб ва ҳикмату фалсафа, ки аҷдодони мо эҷод намуда буданд, дар рафҳои осорхонаҳо маҳфузанд. Садҳо маводи ҷамъовардаи ин олимони бузург ҳанӯз таҳқиқ нашудаанд. Онҳоро барои шинохти Тоҷикистони нав бояд нашр кард ва ба диққати оламиён расонд!
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои шинохти дақиқи тоҷикону тоҷикистониён асари пурмуҳтавои хеш "Тоҷикон дар оинаи таърих"- ро пешкаши аҳли олам намуданд ва аз саҳифаҳои он маълумоти дақиқро доир ба саҳифаҳои ноаёни таърихи миллати мо - таърихи қадимтарин шаҳри Осиёи Миёна - Саразм, рӯзгори Сомониёну таълимоти Имоми Аъзам, доир ба нахустин нашри Қуръони маҷид ба забони модарии тоҷикон, доир ба мусиқии қадимиамон - Шашмақом маълумоти нодир пайдо мекунанд. Шинос шавед: ин ҷо Тоҷикистон! Ин ҳамон сарзаминест, ки ҳазорсолаҳо қабл муаррихони олам онро васф мекарданд, ин ҳамон кишварест, ки бо ҷоннисориву корнамоиҳои фарзандонаш тайи муборизаҳои беамон асолат ва ҳувияти худро аз даст надодааст.
Ин сарзамин, ки имрӯз номаш Тоҷикистон аст, сарзамини биҳиштосо мебошад, зеро бо ҳукми тақдир ин расоиву зебоиро Офаридгор насиби мо гардондааст. Обҳои мусаффо, кӯҳҳои бузургу баланд, мардуми ҳунарманд, шаҳрҳои зебо, роҳҳои мармарин ва дилҳои пур аз муҳаббат - ин аст Тоҷикистон, биёед, шинос шавед!
Аслиддин НИЗОМӢ, доктори илмҳои санъатшиносӣ,
профессор
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 30.08.2018 №: 171 Мутолиа карданд: 1268