номаҳо
ЯК ПЕШНИҲОД
Омӯзиши кор ва рӯзгори шахсиятҳои барҷастаи давр, хоса аҳли адаб, махсусан дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд беҳтару бештар гардад ва низ ба ҳукми анъана дарояд. Шукр бояд бигӯем, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар барои ин имкониятҳои зиёд мавҷуд аст. Мутаассифона, аз он кам истифода мебарем.
Ҳамасола бахшида ба таҷлили солгардҳои адибони маъруф дар кишвар ҳамоишҳои бузург баргузор мешаванд. Олимон, адибон ва дигар мутахассисон бахшида ба ин санаҳо маводҳои ҷолибу арзишманд ба табъ мерасонанд. Инчунин, ба воситаи шабакаҳои радиоӣ ва телевизионӣ барномаҳо таҳия мекунанд. Мутаассифона, на ҳамаи ин маводҳо дастраси омӯзгорони соҳа мегарданд. Чорабиниҳое, ки масъулон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор менамоянд, на ҳама дар сатҳи зарурӣ мебошанд ва ҳам ҷавобгӯ ба талаботи давр. Бисёре аз ин масъулон бо баёни тарҷумаи ҳоли шахсият ва қироати порчаҳо аз эҷодиёти ӯ иктифо мекунанд. Дар натиҷа хонандагон моҳияти масъалаҳоро кам дармеёбанд ва ҳувияти миллияшон ба таври зарурӣ инкишоф намеёбад. Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки ин санаҳо ва чорабиниҳо махсус мавриди таваҷҷуҳ қарор бигиранд. Яъне, чӣ тавр? Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар иртибот ба дигар ниҳодҳои илмию фарҳангӣ бо ҷалби мутахассисони варзида, шахсиятҳои маъруфи соҳа барномаҳои махсуси видеоиро омода ва сабт намоянду дастраси муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардонанд. Масалан, агар дар соли равон бахшида ба 400 - солагии Миробид Сайидои Насафӣ ва 550 - солагии Наҷмиддин Гавҳарии Кавкабӣ ин гуна барномаҳоро таҳия кунанд, аз аҳамият холӣ нест. Албатта, он набояд масъулияти омӯзгорони соҳавиро дар баргузории ин гуна чорабиниҳо кам кунад.
М. АЗИЗОВА, шаҳри Бохтар
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 3.09.2018 №: 173 Мутолиа карданд: 1309