logo

ҳуқуқ

ТТЭ ҲНИ ВА ҒАРАЗҲОЕ, КИ ЗЕРИ НИҚОБИ ИСЛОМ ПӮШИШ ДОДА МЕШАВАНД

Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ - амалӣ таҳти унвони «Таҳдиду хатарҳои ТТЭ ҲНИ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар конфронс роҳбарияти Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони сафоратҳои 20 кишвари хориҷӣ дар кишвар, олимону пажӯҳишгарон ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд.
Дар оғози конфронс ба таваҷҷуҳи иштирокчиён филми мустанади «Бозгашт ба ҷаҳаннам», ки асоси хотираҳои яке аз муассисони ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ Айёмиддин Сатторов таҳия гардидааст, пешниҳод шуд. Қаҳрамони филми «Бозгашт аз ҷаҳаннам» Айёмиддин Сатторов доир ба ҳадафҳои ғаразноки ТТЭ ҲНИ ва дастгирии молиявии хоҷагони хориҷии он, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози назар намуда,  бо далелҳо таъкид  кард, ки фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз аввал бо мақсадҳои нопоки худ ноором гардондани авзои сиёсию иҷтимоии Тоҷикистон, ба даст овардани мансаб, пулу мол ва сарват аст. Ӯ дар филми мазкур оид ба куштори чеҳраҳои саршиноси тоҷик аз ҷониби аъзои ҳизби террористӣ дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо дастури хоҷагони хориҷӣ амалӣ шудааст, нақл кард. Дар филм А. Сатторов, иқрор кард, ки аз амалкарди худ пушаймон аст, зеро ба қавли ӯ, ҳадафҳои ТТЭ ҲНИ ва роҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ғаразнок буда, зери ниқоби дини мубини ислом амал менамоянд.
Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суханронии худ изҳор намуд, ки имрӯз дар натиҷаи амалҳои террористӣ чандин кишварҳои мутараққӣ, ба хуну хок кашида шуданд. «Агар дар ҷомеа мардумро ба гурӯҳу ҳизбҳои исломиву ғаразнок тақсим кунанд, оромӣ ва адолате, ки асоси ислом аст, аз байн хоҳад рафт ва агар инсон исломро софдилонаю беғараз истифода кунад, саодатманд аст, агар не ҳаёти худро тираву тор месозад».
- Баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ роҳбари вақти ҳизб дар мулоқоте бо гурӯҳи ҳазорнафараи донишҷӯёни наҳзатӣ дар бораи натиҷаи гуфтушунидҳо бо Ҳукумати ҷумҳурӣ чунин изҳори ақида кард: «Мо сулҳи ҳасанӣ кардем, шумо барои ҷангҳои ҳусайнӣ дар «Ҷумҳурии Исломии Тоҷикистон» омода бошед». Ҳамин аст, то ҳанӯз шиори ин ҳизб ва дигар ҳам нахоҳад шуд.  Аъзои он ҳар ҷое бошанд саъй мекунанд, то умури идораи минбари масҷидҳо дар ихтиёрашон бошад. Масалан, моҳи апрели соли равон дар яке аз намозхонаҳои шаҳри Варшава «Прега Рум», ки дар ихтиёри салафиёни такфирӣ ва ҷиҳодии аз Русия фироркардаи Осиёи Марказӣ қарор дошт, байни салафиҳо ва наҳзатиҳои тоза воридшуда барои имомхатибӣ задухӯрд ба амал омад. Неруҳои қудратии шаҳр ба ин ҳодиса дахолат карда, вазъиятро ором карданд ва ба наҳзатиҳо оид ба ин рафторашон ҳушдори ҷиддӣ доданд. Имрӯз зарурати он пеш омадааст, ки ба насли ҷавон воқеъбинона оид ба таърихи пайдоиш ва хиёнатҳои ин ҳизб маълумоти фарогир дода шавад, - илова кард Файзулло Баротзода, директори маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.     
Дар охири конфронс иштирокчиён, ҳамчунин, дигар паҳлуҳои манфури фаъолияти ТТЭ ҲНИ - ро тавзеҳ дода, қайд намуданд, ки дар шароити кунунӣ, ҷомеаи Тоҷикистон бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳад. Хусусан, ҷавонон фирефтаи мак-ру ҳиллаи роҳбарону намояндагони Ҳизби наҳзати исломӣ нагарданд ва дар таъмини амният, сулҳу оромии кишвар, нақши муассир гузоранд.
Лашкар ШАРИФ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 3.09.2018    №: 173    Мутолиа карданд: 1060
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед