маориф
МАОРИФ. ҶАЛБИ ОМӮЗГОРОНИ РУС БА ТОҶИКИСТОН
Шурӯъ аз соли нави таҳсил 25 омӯзгор аз Федератсияи Русия фаъолиятро дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон оғоз мекунанд. Онҳо 31 август ба ҷумҳурӣ ворид шуданд ва тибқи талаботи муассисаҳо ба вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тақсим мешаванд.
Аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки ба вилояти Хатлон 5 нафар, Суғд - 7 нафар, ВМКБ - 3 нафар, шаҳри Душанбе - 6 нафар ва ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 4 нафар омӯзгори рус ба таълиму тадрис сафарбар шуд ва шумораи онҳо ба 52 расид.
- Татбиқи лоиҳаи мазкур аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, насли наврасро бо ҷаҳони мутамаддин мепайвандад, - зикр намуд сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм Эҳсон Хушбахтов.
Комиссияи Шӯрои Федератсияи Русия, ки барои мониторинг ба Тоҷикистон омада буд, ба шароити барои муаллимон фароҳамовардашуда баҳои баланд дод.
Бино ба гуфтаи коршиносон, сатҳи донистани забони русӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон хеле хуб аст. Бештари мардум аз забони русӣ огоҳию донишҳои аввалияро доранд. Дар муассисаҳои таълимӣ низ барои омӯзиши забони русӣ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд. Омӯзгорони тоҷик дар омӯзондани ин забон аз методу усулҳои муосир кор мегиранд.
Дар ҳамин ҳол, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси федеролии Русия, ҳангоми ташрифаш ба Тоҷикистон изҳор дошта буд: «Аслан, пешниҳоду иқдомоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро дар ин кор ҳавасманд намуд. Эшон масъалагузорӣ карда буданд, ки дар замони шӯравӣ, махсусан солҳои сиюми асри ХХ ба дурдасттарин минтақаҳои Тоҷикистон омӯзгорони рус фиристода мешуданд. Имрӯз ҳам пайи чунин иқдом шавем ва насли наврасро бо забони русӣ ва бад - ин восита аз навгониҳои илмҳои муосир огоҳ созем».
- Муҳимтарин омиле, ки моро дилгарм месозад, шавқу ҳавасмандии мардуми тоҷик аст. Онҳо ба забони русӣ қаробати хубе доранд ва мехоҳанд ҳар чи бештар аз нозукиҳои ин забон огоҳ бошанд, - афзудааст Валентина Матвиенко.
Ӯ аз муваффақона амалӣ шудани лоиҳа, ки чанд сол қабл роҳандозӣ шуда буд, изҳори қаноатмандӣ намуд. Зеро аксари омӯзгорон, ки тариқи шартнома ба Тоҷикистон омада буданд, тамдиди муҳлати шартномаро хостаанд. Ҳоло аз 29 нафар омӯзгоре, ки қаблан дар кишвари мо бо таълиму тадрис машғул буданд, 21 нафарашон баргашта, фаъолиятро идома медиҳанд.
Бузургмеҳр БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 03.09.2018 №: 173 Мутолиа карданд: 1043