logo

маориф

"БАКАЛАВР" ТАҲСИЛОТИ ОЛӢ АСТ

Солҳои охир мафҳуми «бакалавр» вирди забони ҳама, бахусус аҳли зиё, қарор дорад. Агар зинаи таҳсилоти олии дар низоми байналмилалӣ эътирофшудаи бакалаврро қисме аз афроди ҷомеа ҳамчун таҳсилоти олии касбӣ эътироф намоянд, пас гурӯҳи дигар ин зинаро таҳсилоти олии нопурра меҳисобанд.  Аксари хатмкардаҳои зинаи бакалаври муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки мехоҳанд таҳсилро пас аз ин зина дар зинаи баъдидипломии магистр давом бидиҳанд, бар он андешаанд, ки мехоҳанд дараҷаи таҳсилоташонро олии пурра гардонанд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2007, таҳти № 650 «Низомномаи бакалавриат, мутахассис ва магистратура» қабул шуда, дар ҷумҳурӣ тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олии касбӣ дар се зина – «бакалавр» (ба истиснои мутахассисони соҳаи тиб), «мутахассис» ва «магистр» ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом пайгирӣ ва татбиқи амалии раванди ҷаҳонии Болонӣ дар низоми таҳсилот мебошад. 
Бакалавр зинаи аввали таҳсилоти олии касбӣ буда, ҳанӯз аз соли таҳсили 2008 бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти кишвар бо мутахассисони ихтисосманд қабул шудааст. Мафҳуми «бакалавр» ҳамчун истилоҳи англисии «bachelor’s degree» дараҷаи таҳсилоти олии эътирофшудаи байналмилалӣ аст.
Дар шарҳи мафҳуми истилоҳи «бакалавр» дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст, ки «бакалавр - шахси дорои дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбие, ки  доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро соҳиб шудааст» мебошад.  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимӣ» истилоҳи бакалаврро ҳамчун «дараҷаи аввали таҳсилоти олии касбӣ, ки шахси дорои ин таҳсилот доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбӣ ҳосил менамояд» шарҳ додаст.
Бакалавр дараҷаи академии тахассусӣ буда, ба (шахсе) соҳибихтисосе, ки барномаи таҳсилоти олии касбиро тибқи талаботи нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯи стандартҳои давлатӣ аз худ намудааст, дода мешавад. Ба дорандаи дипломи бакалавр ҳуқуқи ишғоли вазифаҳое дода мешавад, ки тибқи талаботи Таснифоти давлатии равияҳо ва ихтисосҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи «мутахассис» пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, бо баҳои хубу аъло хатмкардаҳои зинаи таҳсилоти олии бакалавр аз рӯи равия ва ихтисос ҳуқуқи давом додани таҳсил дар зинаи баъдидипломии магистрро доранд.
«Магистр» тибқи муқаррароти санадҳои меъ-ёрии болозикр дараҷаи дуюми таҳсилоти олии касбие мебошад, ки баъди супурдани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаи магистрӣ ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дода мешавад. Магистр, асосан ба соҳаи муайяни илм машғул шуда, корҳои илмию тадқиқотӣ мебарад ва аз рӯи ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар вазифаҳое, ки ба сатҳи таҳсилоти ӯ мувофиқанд, кор мекунад. Мақсади он таъмини соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва низоми илму маорифи кишвар бо мутахассисони баланд-ихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Тавре дар низомномаи магистратура дарҷ гардидааст, ҳадафи таъсиси он таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандартҳои байналмилалии таҳсилот наздик намудан ва барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё кардан аст.
Тафовут, пеш аз ҳама, дар барномаҳои таълимӣ аст. Агар дар зинаи «бакалавр» - бакалавриат дар муҳлати на камтар аз чор сол доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, маҳорат ва малакаи касбиро ҳосил карда, соҳибтахассус гардад, пас дар дараҷаи «магистр» дар давоми ду сол - магистрант дар самти муайяни ихтисоси қаблӣ (бакалаврӣ) таҳсил карда, соҳаи муайяни илмро интихоб мекунад,  ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул шуда, барои минбаъд таҳсилро дар зинаи докторантураи PhD давом додан, омода мешавад. Нақшаи ниҳоии таҳсил дар низоми ҷаҳонии таҳсилот «бакалавр» + «мутахассис» = докторантураи PhD аст. 
Раҷабалӣ САНГОВ, сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ
ва котиботи Вазорати маориф ва
илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.09.2018    №: 174    Мутолиа карданд: 1206
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед