logo

туризм

ҚАЛЪАИ КУМ. МАНЗАРЕ БАРОИ ШИНОХТИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ

Тоҷикистон. Ин кишвари афсонавию зебоманзар бо табиати нотакрор ва ёдгориҳои таърихии пурарзишаш кайҳо боз таваҷҷуҳи оламиёнро ба худ ҷалб намудааст. Ҳавои мусоид, кӯҳҳои сарбафалаккашида, обҳои равону пиряхҳои азим ва дар маҷмӯъ, табиати биҳиштосои он барои сайёҳону ҷаҳонгардон беҳтарин макони истироҳату фароғат ва маркази омӯзиши як қисми умдаи фарҳангу тамаддуни башар мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир, яъне бо назардошти аҳамият ва имкониятҳои камназире, ки табиати нотакрори сарзамини мо дорад, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин иқдом баробари манфиатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маишӣ доштан, дорои арзиши муҳими таърихӣ мебошад. Мо дар заминаи ин ташаббус имконият дорем таърихи ғановатманди миллатро ба ҷаҳониён бештару беҳтар муаррифӣ намуда, собит созем, ки миллати тоҷик аз қадим дорои таърихи бой, фарҳангу тамаддуни оламгир, санъату ҳунар, низому тартиби давлатдорӣ ва урфу одатҳои инсондӯстона буданд.   
Яке аз ин ёдгориҳои арзишманди таърихии мо Қалъаи Кум мебошад, ки бо номҳои Қалъаи Деваштич, Абаргар ва Муғ ҳам машҳур буда, дар деҳаи Куми ноҳияи Айнӣ, 30 километр дуртар аз маркази ноҳия, дар доманаи кӯҳҳо воқеъ аст.
Тибқи таҳқиқоти бостоншиносон А. Фрейман, А. Якубовский, В. Лившитс ва Ю. Яъқубов Қалъаи Кум ёдгории таърихии ниёгон ва макони будубоши суғдиёни қадим мебошад ва маҳз Деваштичи қаҳрамон солҳои мадид бар зидди арабҳо барои ҳимояи марзу буми кишвараш ҷангидааст ва аз ин рӯ, он бо номи Қалъаи Деваштич низ машҳур мебошад. 
Қалъаи Кум дар болои теппае воқеъ буда, аз он тамоми атрофро чун кафи даст дидан мумкин аст. Аз ягон тараф ноаён ба қалъа наздик шудан имкон надорад. Зеро атрофи онро ҷариҳо ва чуқуриҳои касногузар иҳота кардаанд. Танҳо солҳои шастуми қарни гузашта аз шафати он, байни деҳаҳои Мадм ва Кум, роҳи мошингард сохта шуд. Сокинони деҳаи Кум нақл мекунанд, ки соли 1978 устод Сотим Улуғзода баъди тамошои харобаҳои қалъа ба ҳаяҷон омада, иброз доштаанд: “Деваштич беҳуда ин мавзеу ин деҳаро интихоб накардааст. Биҳишти таппа - тайёр, муҳимтар аз ҳама дастнорас, аз лиҳози стратегӣ бисёр мувофиқ. Деҳаи зебоманзар, ба ман маъқул шуд, албатта, боз меоем. Навбати оянда дар ин оташдон оташи суғдӣ афрӯхта, дар ин суфра базми аҷдодӣ мекунем”. Баъди як соли ин воқеа повести нави Сотим Улуғзода бо номи “Ривояти суғдӣ” ба нашр расид, ки барои сокинон беҳтарин армуғон маҳсуб мешавад.
Абдураҳмони Мустаҷир, нависанда, сайёҳ ва таҳқиқотчии маъруфи асри XIX, пас аз сафар ва боздид аз ин водӣ дар сафарномаи хеш бо номи “Рӯзномаи сафари Искандаркӯл” хотироти хешро дар бораи ин мавзеъ, машғулияти сокинон, иқлиму табиат, обу ҳавои форам ва ёдгориҳои таърихии он бисёр ҳам ҷолиб нақл кардааст: “...Ба ҷое расидем, ки он мавзеъро Кум мегуфтаанд. Дидем, ки ҷои файзосори хуб, булбулҳо дар хониш. Қишлоқи он мавзеъро, ки ба даруни сой мебошад, онро аз ҷиҳати танг будан Кум ном ниҳодаанд. Кум гуфта араб тангро мегӯяд. Мардуми он мавзеъ миқдори шаст хонавор мебарояд. Деҳқонии онҳо бурчоқ,  боқила, гандум, ҷав ва зағир. Дарахти чаҳормағз ҳам дорад...
Дар мавзеи мазкур қӯрғони куҳнае аз қадим мондагӣ аст. Номи онро Муғ мегуфтаанд. Бинои он ва фатароти онро касе ёд надоштааст. Аммо мӯйсафедон мегӯянд, ки дар айёми қадим Муғ ном кофире дар он мавзеъ қӯрғон андохта будааст. Аз ин ҷиҳат Муғ мегӯянд...”.
Боиси тазаккур аст, ки ҳарчанд Қалъаи Кум мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷӣ қарор дошта бошад ҳам,  мутаассифона, бо сабаби  набудани инфрасохтори зарурӣ шумораи ками онҳо ба ин ҷо ташриф меоранд. Бинобар ин, зарур аст, ки аз ҷониби масъулони ноҳия бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаҳои наздик барои сайёҳон меҳмонхонаву бошишгоҳҳои хурд ва марказҳои хизматрасонӣ бунёд карда шаванд.
Масъалаи дигар таъмирталаб будани роҳ мебошад. Роҳи мошингард то деҳаи Кум, ки 7 километрро ташкил медиҳад, кайҳо боз харобу валангор гаштааст. Агар ин роҳ таъмир гардад, мушкилоти сайёҳон ба маротиб осон шуда, шумораи бинандагони ин ёдгории таърихӣ сол ба сол бештар хоҳад гашт.
Ҳифзи ин ёдгорӣ аз офатҳои табиӣ аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода масъулонро бояд чораҳои бетаъхир андешанд.
Дар воқеъ, дар тамоми минтақаҳои кишвар чунин ёдгориҳо хеле зиёданд, ки аксари онҳо дорои таърихи чандҳазорсола буда, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт намудан ва ба наслҳои оянда бегазанд расондани онҳо на танҳо вазифаи сохторҳои марбута, балки қарзи шаҳрвандии ҳар як сокини кишвар аст.
Бахтовар КАРИМ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.09.2018    №: 175    Мутолиа карданд: 1513
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед