logo

мулоқотҳо

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сюй Тсилян

Нимаи  дуюми  рӯзи 5  сентябри  соли  2018 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини сардори Шӯрои марказии ҳарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сюй Тсилянро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар ҷараёни мулоқот масоили рушду густариши минбаъдаи ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.
“Таҳкими муносибатҳо дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии Тоҷикистону Чин, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории кишварҳои моро ташкил медиҳад” - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо аз ҳамкории давлатҳо, ки характери стратегӣ ва шарикии ҳамаҷониба дорад, қаноатмандӣ намуда, изҳори умед карданд, ки бо талошҳои пайваста он ба таври бемайлон рушд мекунад.
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ - техникии Тоҷикистону Чин, иҷрои созишномаҳои қаблан қабулшуда, саҳми кишвари ҳамсоя баҳри таъмини амният дар сарҳади давлати мо бо Афғонистон ва муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои ҷаҳони муосир - терроризму экстремизм, радикализм, инчунин, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зимни суҳбати самимӣ, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, инчунин, дигар масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ арзёбӣ гардиданд.


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.09.2018    №: 176    Мутолиа карданд: 989
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед